​Изҳороти дотсенти Ҳошимова Ш.Ф

Оиди изҳороти расмӣ сардабири ахбор гуфтаниям, ки аз тарафи сомонаи “Ахбор” маводҳои бардурӯғ чоп мегардад. Сабаб дар он аст, ки роҳбари ин сомона дар хизмати ифротиён аст. Бояд қайд кард, ки вазифаи таъмини амният, субот ва оромӣ дар Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.

Изҳороти расмии сардабири “Ахбор” тамоми меъёрҳои ахлоқи миллиро зери по карда, бо воситаи сомона дурӯғпаронӣ машғул аст. Имрӯз зарур аст, ки ҳар зиёи баҳри оромии суботи кишварталош варзад.

Дар асоси хабарҳои васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣхабар медиҳанд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ куштор ва ҳодисаҳои террористӣ ба вуқӯъ меоянд, дар натиҷа одамони бегуноҳи осоишта ба ҳалокат мерасанд вачандин нафари дигар ҷарроҳати вазнин мебардоранд.

Дар қарни гузашта Тољикистон низ ба вартаикуштор гирифтор шуд ва даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронид ва ҷанги бемаънии бародаркуш барои мардуми тоҷик сабақ шуд.

Имрӯззиёиёни тоҷикдар меҳвариақлу заковати худ аст. Ва дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатмӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии кишвар кӯшиш менамояд. Халқи тоҷик дигар ба бозиҳои сиёсии ҲНИ ва сомонаҳои ахборҳои бардурӯғ бовар надорад. Бозичаи дасти бозингарони минтақавӣ будани ин ҳизб ва баъзе аз сомонаҳои мустақил аз чашми ақли солим пинҳон нест.

Итминони комил дорем, ки халқи меҳнатқарини тоҷик ба қадриободӣ, созандагӣва бунёдкорӣ ҳар хишти девори Тоҷикистони соҳибистиқлол мерасад ва имрӯз насли созандаю тавоно барои ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ақл, заковат, имон, виҷдон ва ҳушёрии сиёсии худро аз даст намедиҳад.

Ҳамин тариқ зиёиёни имрӯзарозарур аст, ки дар фаъолияти љамъиятие, ки бо ҷомеа сару кор мекунад қиммати озодӣ ва ҳифзи истиқлолиятро дарк кунонад ва дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ зиракии сиёсии шогирдонро бедор кунадва бо назардошти тамоми нерўву имконияти худ ба ҷомеаи имрӯза нафъ биёрад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ