Конференсия: Муаммоҳо ва рушди саноатикунонии кишвар
Дар кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги факултети молия ва иқтисодиёти бозор конференсияи илмӣ-амалии устодон таҳти унвони “Саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва самти рушд” бо ширкати намояндагони Донишкадаи иҷтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайруллоҳ Сабуров ширкат варзида, доир ба иқдомоти давлат ва ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат сухан кард.
Сипас, иштирокдорон доир ба мушкилот ва дурнамои рушди бахши давлатии кишвар дар давраи саноатикунонӣ, самтҳои рушди устувори саноати вилояти Суғд ва дигар масоил табодули афкор намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил