​АНДОЗА НИГАҲ ДОР...

Расонаҳои хабарӣ навори видеоии сухангӯи шаҳрдории Исфара Иқбол Илёсзодаро дар хусуси “Иғвои навбатии марзбонони қирғиз" пахш намудаанд, ки аз марзшикании мусаллаҳонаи навбатии марзбонҳои қирғиз дарак медиҳад.

Маълум аст, ки баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар баъзе минтақаҳои сарҳадии Ботканд, Исфараву Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров дар масъалаи истифодаи замину чарогоҳ, манбаи об, роҳу гузаргоҳ таърихи тулонӣ дошта, он аз замони Шӯравӣ мерос мондааст.

Санадҳои бойгонӣ, харитаҳои давраи шӯравӣ собит месозанд, ки бисёр қитъаҳои замину чарогоҳ, ки ҷониби қирғиз имрӯз даъвои онро доранд аслан замини Тоҷикистон буда, онро ҷониби мо ба қирғизҳо муваққатан барои чарогоҳ иҷора дода буданд. Қирғизҳо ғолибан, ки мардуми чорводоранд, чорвои мардуми тоҷикро низ дар ин чарогоҳҳои иҷорагирифтаашон бонӣ мекарданд.Аммо имрӯз онҳо ба ин заминҳо ғайриқонунӣ соҳиб шуданианд, ки мақоли "дузд қозии сустро муттаҳам сохтааст”-ро ба ёд меорад. Ҷониби қирғиз санадҳои бойгонӣ қарорҳо, харитаҳо ва дигар санадҳои аслии ҳуқуқиро ба инобат нагирифта, ҳангоми баҳс "санаду далелҳои” бофтаву сохтаро пешниҳод мекунанд.

Аксар вақт ҷониби қирғиз ҳатто созишномаву протоколҳое, ки ба мақсади ҳалли мусолиҳатомези баҳси вуҷуддошта имзо шудаанд, ба инобат намегиранд ва ҳусни тафоҳуми бародарӣ ва ҳамсоягиро дағалона поймол мекунанд. Мардуми тоҷик ҳамеша ботаҳаммул буд, аммо ҳар як кору амал сарҳади худро дорад. Иғвогариҳо муноқишаҳои сарҳадие, ки ҷониби қирғиз сари ҳар вақт эҷод мекунад, оқибати хуб надорад ва инро масъулини ҳамсоякишвар бояд донанд ва пеши роҳи ин гуна иғвову фитнаро, ки ба дӯстию бародарӣ ва амният дар сарҳад халал ворид мекунад, пешгирӣ намоянд.

Ҷабборов И., Шарипов Ш. устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ