Ҷомеаи башарӣ, террор ва хатари ифротгароӣ

Аз мутолиаи назарияҳои маъруф оид ба низоми давлатдорӣ равшан мешавад, ки террор ё қатлу куштор дар ҷомеаи башар воситаи асосию паҳнгаштаи замони муборизаҳои инқилобӣ ба шумор рафта, дар давраҳои таҷаддуди ҳаёти сиёсӣ бештар зуҳур мекунад. Дар террор зӯрию муқовимати ғайриқонунӣ нуқтаи асосӣ ва меҳварӣ маҳсуб меёбад. Мақсади асосии нерӯҳои террористӣ аз байн бурдани одамон ва маҳфи онҳо аст. Терроризм ҳодисаи куҳани таърихӣ буда, ба маънии талоши қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият аз қадим мавҷуд буд. Террористон дар расидан ба ҳадафҳои номатлуби хеш даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Аз ин лиҳоз, террор чун воситаи мубориза бар зидди ҳастии инсоният ва аз миён бурдани ӯ маъмул аст.

Ҳарчанд дар андешаҳои муҳаққиқони таърихи қадими юнонӣ, аз ҷумла Ксенофон террор василаи самараноку мусбати муборизаи зидди рақибон арзёбӣ шудааст, аммо имрӯз он маънии қудратёбӣ ва расидани ташкилотҳои экстремистиро ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ ифода мекунад. Ашхоси террорист кӯшиш доранд, ки дар ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди динии мардуми ҷомеа тағйир ворид кунанд ва шаҳрвандони дунёро бар зидди сиёсати давлатдорон барангезанд.

Дар ин роҳ ғояҳои дини мубини Ислом ҳамчун василаи расидан ба ҳадаф аз ҷониби террористон мавриди истифода қарор гирифт, аммо чунин сӯйистифода аз қудрат ва ғояҳои дини Ислом на ба хотири осоишу амнияти кишварҳо, балки барои расидан ба мақсадҳои нопок дар амри куштори мардум амалӣ мегарданд. Аз ин нуқтаи назар, имрӯз терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ аз дардноктарин муаммоҳои олами муосир шинохта шудааст. Табиист, ки омилҳо ва хусусиятҳои ин амал ҳамчун масъалаҳои мубрам аз ҷониби муҳаққиқони ҷиддии улуми сиёсат ва ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқ қарор гирифтаанд.

Яке аз сабаҳои ба ин масъала рӯй овардани ҷомеаи башарӣ ва аҳли таҳқиқ боиси нигаронӣ будани ин амали номатлуб дар ҷомеа мебошад. Ҳоло тамоми кӯшиш ба пешгирӣ кардани омилҳои харобиовар ба шумор рафта, сабаб ва роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм мавриди гуфтугӯи бештар қарор ёфтаанд.

Аз ҷумла ин масъала дар конфронси илмии байналмилалии сатҳи баланд, ки моҳи майи соли 2018 таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид, аҳамияти худро бори дигар исбот кард. Дар ин конфронс намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷонибдорони воқеии ҷаҳонии муборизаи зидди террор ва экстремизм ҳузур доштанд.

Ҷанбаҳои ҳамаҷонибаи ин масъала дар суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Дар он масъалаҳои мухталифи терроризм ва экстремизми сиёсӣ дар робита ба муаммоҳои ҷаҳони имрӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Гузориши Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳониро водор мекунад, ки марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ дар заминаи омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ ба роҳ монда шаванд. Ин гуна тадқиқот моҳияти ҷараёнҳои экстремизм ва терроризми сиёсиро ошкор менамояд. Чун экстремизми сиёсӣ ҷараёни иртиҷоӣ буда, кишвар ва минтақаҳои оламро фаро гирифтааст, зарурати дарки амиқ ва фаҳми ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Махсусан, барои аҳли зиёиёни тоҷик ин тадбири муҳим қобили тааммул ва андеша мебошад, зеро таърихи афкори сиёсии халқи тоҷик саршори чунин ғояҳои ифодакунандаи мубориза ба муқобили ирофтгаройӣ аст ва моро зарур аст, ки дар ин арса омӯзиш ва пажӯҳишҳои тозаеро ба миён гузорем.

Имрӯз бар пояи таъсирҳои номатлуби ин падидаи нозарур мо аз он дар хатар ҳастем, ки дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон қурбони терроризм мегарданд. Ҳузури ҷавонон дар ин амал маънии хеле бад дорад ва нигаронкунанда аст. Вазифаи ҷавонон дар ин гуна шароит аз даст надодани зиракии сиёсӣ, омӯзиши сабабу омилҳои ба ифротгарӣ рӯй овардани ашхос ва гурӯҳҳои терроризм мебошад. Ҷавонон бояд барои дафъи он кӯшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз карда шавад.

Онҳо бояд хеле хуб дарк кунанд, ки оқибатҳои нохуши терроризм ва ифротгароӣ кишвари моро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ ҳолат овард. Ин давраи пур аз таҳдид ва ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ маҳсуб мешавад, ки дар суханронии Пешвои миллат хеле равшан таҷассум ёфтаанд.

Аз охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри ХХ сар карда амали зӯроварӣ, зулм, фишор овардан, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ, куштори фарзандони барӯманди миллат, намояндагони ҷомеаҳои башарӣ ва ғайра дар ҷомеаи мо ба таври гӯшношунид зуҳур кард ва садои эътирозро ба вуҷуд оварад, ки ин ҳама решаи ифроту ифротгариро дар кишвари кӯчаки мо сабзониданд.

Алҳол дар байни террористон ин амал авҷ гирифтааст, ки ҷавонони пуртаҷриба ба ниҳодҳои ифротӣ ҷалб карда шаванд. Онҳо зери шиорҳои бофтаву хаёлии «гӯё динӣ» дар байни ҷавонон кор мебаранд, ки амалан аз ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш рӯй гардонанд. Ин гуна рафтор амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористиро дар ҷомеа хеле афзуд. Ин гуна ҷавонони ифротгар амали худро «қаҳрамонӣ» ва ё «фидокорӣ» дониста, хоҳони он буданд, ки бо ин васила ба мақсадҳои худ ноил шаванд ва нуфузу дастовардҳои миллиро паст зананд. Ҳамин муносибат сабаб гардид, ки дар сиришти ин ҷавонон на ватанпарварӣ ва рӯйи ниёз овардан ба ормонҳои миллӣ, балки итоаткорӣ ба пешвоён ва сарпарастони хориҷӣ бартарӣ пайдо кард.

Ҷавонон бояд ба қадри неъмати истиқлолият ва давлатдории миллӣ расанд, аз паи расидан ба ормонҳои «биҳишт»-иашон нашуда, арзишҳои миллиро азиз доранд, ба қадри давлату давлатдорӣ бирасанд, онро ҳифз намоянд, ки ин ҳама қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии онҳост. Ба ҷавонон шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллат қарзи онҳост. Танҳо бо ҳамин роҳ ба худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ расидан имкон дорад. Талқини андешаи ҳифзи истиқлол ва иттиҳоди миллӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиб дар ин ҷаҳони ноором аз ҷониби Пешвои миллат худ баёнгари он аст, ки мо ҷавононро бояд дар ин рӯҳия тарбия намоем.

Ҳукмати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат нақши баҳрамандӣ аз таърих ва фарҳанги миллиро дар устувор кардани пояҳои андешаи давлатдории ҷавонон муҳим арзёбӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ташвиқу тарғиби таълиму тарбияи насли наврас дар ин раванд дар эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Амалҳои ғаразноки ифротагрон арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, ҷомеаро ба фалаҷшавӣ оварда мерасонанд. Бо ин амалҳо оқибат ҳисси нобоварӣ ва таҳдид дар ҷомеа зиёд гардида, корҳои зишту хавфнок меафзоянд. Албатта беҳтар кардани сатҳи шароити зиндагӣ, огоҳӣ аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, басанда будани таълиму тарбия боиси аз бунбасти фақр берун кардани ҷавонон мешавад, аммо набудани инҳо боиси шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мегарданд. Дар ин вазъият афроди соҳибмаърифат ва падару модарон масъулияти азим дар аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан ба тарбияи насли наврас ва ҷавононро доранд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бар ин ақидаанд, ки «терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Ба андешаи Пешвои миллат ифротгароӣ ба ҷуз сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида ба муносибатҳои давлатҳои ҷудогона низ рахна меандозад: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд». Бесабаб нест, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста шудааст.

Мо медонем, ки як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқоди динӣ аз ҷониби қудратхоҳони ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хоса Тоҷикистон ворид шуда, ба вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеа имкон доданд. Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динӣ ва миллӣ дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Ҷавонон бояд кӯр-кӯрона ба гурӯҳҳои ифротӣ тақлид накунанд, балки онҳо бо асолат ва моҳияти дини мубини ислом ошноӣ пайдо намуда, ифротгаройии диниро аз аслу моҳияти худи дин ва таълимоти он фарқ намоянд. Ба назар мерасад, ки аксари онҳое, ки дар ин роҳ гумроҳ гардида, қурбони ифтротгаройӣ шудаанд, дониши зарурии диниву дунявӣ надошта, аз рукнҳои аслии дини ислом ва моҳияту асолати он бархурдор нест.

Барои боло бурдани маърифати динӣ ва такмили ҷаҳоншиносии ҷомеа имрӯз нашри китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ бо ҳидоят ва раҳнамоии Пешвои милат Президенти Тоҷикистон ба роҳ монда шуда шудааст. Дастраси мардуми мусулмон қарор гирифтани тарҷумаи тоҷикии Қуръони Карим ва тафсирҳои ин китоби осмонӣ ба теъдоди зиёд ва ғайра фазои муносибати моро ба Ислом муътадил гардонид. Маҳз, Пешвои миллати мо чун раҳбари яке аз кишварҳои соҳиби аҳолии мусалмон дар яке аз ҳамоишҳои бонуфуни ҷаҳонӣ ба далоили илмӣ собит намуданд, ки ислом ҳеҷ робитае ба терроризми байналмиллалӣ надорад, чун террорист аслан худ дину мазҳаб, миллату Ватан надорад.

Дар баробари ин, таҷлили шукӯҳманди ҷашни 1310 солагии Пешвои муаззами мазҳаби мо – Имом Абуҳанифа, Нуъмон ибни Собит тавассути ибтикор ва корномаҳои шоистаи Пешвои миллат имконият фароҳам омад, ки мардуми тоҷик дубора ба аслу моҳияти таълимоти пешқадами ин мазҳаби таҳаммугаро ва созандаву бунёдкор ошноии амиқ пайдо намуда, муваффақ бар он гардиданд, ки тавассути фармудаҳои ин шахсияти барҷастаи олами ислом роҳи созгори маънавии хешро ба шоистагӣ муқаррар созанд. Бад ин васила осори арзишманди ин донишманди бузурги ҷаҳони ислом нашр шуда, дар маърифати динии мардуми мо нақши созгор гушшт.

Омӯзиши силсилаи санадҳои муҳим ошкор менамояд, ки ягона роҳи аз байн бурдани гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ дар заминаи ақидаҳои динӣ мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои дунявӣ ва илмӣ мебошад. Аз ин хотир, дурӣ ҷустан аз ифротгарӣ омили муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ аст. Дар шароити имрӯз афроди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, хоса ҷавонон вазифадоранд, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини исломро бо терроризм як медонанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд.

Маълум аст, ки бо гароиш ёфтан ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҷони ҷавонон аз даст меравад ва ҳам ин амр сабаби аз байн рафтани ҷони ҳазорон нафари дигар мешавад. Вазифаи ҳар шаҳрванд, ҳар фарди ҷомеа ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар аст. Ояндаи халқу кишвар бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввурнопазир аст.

Ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳ иродаи матин доранд ва онҳо дар роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азиз бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд…

Аз ин рӯ, пеш аз ҳама худи ҷавононро низ зарур аст, ки дар навбати аввал ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои такмили донишу маънавиёт ва андешаву афкори маънавии хеш талош варзида, бо мусоидат дар худогоҳии маънавии худро роҳеро дар масири бунёди фардои озоду обод ва орӣ аз ҳар гуна ифротгаройӣ ва асари номатлуби зуҳуроти дигар бунёд созанд.

Раҷабов Б.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ