Баррасии масоили илми журналистика дар “Нерӯи сухан”
Дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили навбатии “Нерӯи сухан” бо иштироки Маъмур Юсуфзод, роҳбари дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Маҳфилро сармутахассиси Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ, Шодмон Нурматов ифтитоҳ бахшида, меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас, Маъмур Юсуфзод доир ба масоили жанрии илми журналистика, аз қабили интихоби мавзӯъ, роҳу равиши инъикос, омӯзиш, муносибат ба факуту далел, гузоштани сарлавҳаи хабару дигар жанрҳои васоити ахбори умум ва ғайра диду назари хешро баён намуд.
Баъдан, доир ба ҷанбаҳои журналистика ва фаъолияти журналист мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади пайгирӣ ва инъикоси чорабиниҳои факултету кафедраҳои донишгоҳ маҳфили “Нерӯи сухан” бо ҷалби зиёда аз 40 донишҷӯи ихтисосҳои мухталиф созмон дода шуда, ҳар ҳафта як маротиба баргузор мегардад.
Нишонбой Мадумаров,
аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”