Ба номардиҳои мудири “фермаи танқид” чунин гӯям...
Мусаллам аст, ки расонаҳои хабарӣ як василаи муҳими таъсиррасонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа ба ҳисоб меравад ва онро беҳуда ҳокимияти чорум наменоманд. Аммо бояд гуфт, ки қалам метавонад ҳам созандаву бунёдкор ва ҳам сӯзандаву харобкор гардад. Агар қалам дар дасти ватандӯст, боимон, бо нангу номус бошад, он мардумро ба муттаҳидӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ ва дигар амалҳои хайру савоб даъват ва раҳнамун месозад.
Баръакс қалам дар дасти “қаламкашҳои” фурӯхташуда, маслакгумкарда, беимону беинсоф, хоини Ватан ва миллат бошад аз онҳо ба ғайр аз иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, тақрибкорӣ, мардумро гӯл задан дигар чизеро интизор набояд шуд.
Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ изҳороту вокуниш, сӯҳбатҳои онлайнии зумрае аз ин “рӯзноманигорон”, лӯхтакҳо ва арӯсакҳои созмонҳои гуногуни ба ном байналхалқӣ, “ҳимоятгарони” демократия ва ҳуқуқи башар пахш мегардад. Ин махлуқони “фермаи танқид”, “мунаққидони” ношуду беҳунар, ғайр аз дурӯғу буҳтон, иғвоангезӣ дигар ҳунаре ва коре надоранд. Мисоли он, изҳороти расмии мудири яке аз чунин “фермаҳои танқид” – фермаи чорвоёни дупо - “Ахбор” Мирзои Салимпур мебошад. Ин мудири ферма, ки касбаш мисли “занакҳои лаби об” паҳн кардани ҳама гуна хабарҳои дурӯғ ва бофтаву сохта аст аз вокуниши нафарони воқеан ватанпарасти тоҷик бар зиддилофу газофи ӯ хеле асабонӣ шудааст.
Ӯ “фермаи танқид”-и худро “мустақил”, “холис”, “бетараф” ва “беғараз” мепиндорад, вале намедонад, ки махлуқони фермаи “Ахбор” – хукону каламушҳои бадбӯй кайҳо симои ҳақиқии худро ифшо кардаанд ва ба хотири доллару эвро ба охундҳо, равилҳо ва дигар хадамоту созмонҳои ҷосусӣ ва хиёнатпеша содиқона хизмат мекунанд.
Мудири “фермаи танқид” Мирзои Салимпур ашкҳои крокодилӣмерезад, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба кирдорҳои нопоки ӯ барин дурӯғбофону иғвогарон, занакҳои лаби об халал мерасонад ва гӯё вазифаи аслии худро дар амри таъмини амният, субот ва оромӣ дар Тоҷикистон иҷро намекунад. Аз ин мудири “фермаи танқид”, бузу гӯсфандон, сарчӯпону галабонҳои ин махлуқҳои бешуур пурсиданием, ки оё таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бар зидди душманони ғоявии давлат ва миллат вазифаи ин ниҳод нест? Агар ин мақомот пеши роҳи онҳоро нагирад ин ҷонварҳои “беозор”, “холису бетараф” вале дар асл каждумҳои таги бӯрё чӣ корҳоеро намекунанд.
Дар сомонаҳои “фермаи Ахбор”, созмони “паймонсозони” паймоншикан ва дигар “фермаҳои танқид”, ғайр аз дурӯғу туҳмат, сиёҳ кардани Тоҷикистон, миллат, мазҳаб дигар чизе мавҷуд нест. Кори онҳо ба ҷуз аз зери нохун чирк ҷустан, аз пашша фил сохтан, ҳангомаву валвала чизи беш нест. Ин мешҳо ва бузҳои ба як пули пучак фурӯхташуда аз худ муборизу мухолиф сохтанианд ва намедонанд, ки кору амалашон ғайр аз номардӣ, шармандагӣ, дурӯягӣ, хиёнат, чоплусӣ, косалесӣ, лагандбардорӣ, хизмат ба душманони миллати тоҷик дигар чизе нест.
Мирзои Салимпур ба “марди”-и худ шубҳа бурда, барои санҷидани он дигаронро ба Прага даъват намудааст. Вой бар ҳоли чунин “мард”, чунин “мубориз”, чунин “пайрави” мазҳаби Имоми Аъзам, ки панҷ вақт “намоз”-аш канда нест. Дар ҳаққи чунин “намозгузорони” риёкор аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чунин фармудааст:
Чу ба саҷда сар ниҳодам, зи замин садо баромад,
Ки маро хароб кардӣ, ту ба саҷдаи риёӣ.
Ҳарчанд онҳо ба ҳар роҳу васила кору кирдор ва гуфтору рафтори худро рӯйпӯш карданӣ шаванд ҳам, умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва дурӯғгӯю иғвогар дар ду дунё ҳамеша шармандаву шармсор хоҳад монд. Чуноне, ки шоир фармудааст:
Ҳар он кас, ки гуфтораш дурӯғ аст,
Зи рӯи ақл, рӯяш бефурӯғ аст.
Шарифов Ш., Ҷабборов И., дотсентони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров