Роғун сарчашмаи нур ва орзуву ормони миллати тоҷик аст!
Яке аз дастовардҳои муҳим дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин бунёди Нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун ба ҳисоб меравад. 9-уми сентябр бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми НБО Роғун ба истифода дода шуд. Ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО Роғун қадами навбатии мардуми сарбаланди тоҷик барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Тазаккур бояд дод, ки НБО Роғун сохтмони бузурги аср ба ҳисоб рафта, бо 335 метр баландӣ яке аз баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Сохтмони ин иншоот орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, баъди пурра ба истифода дода шудани он Тоҷикистон метавонад талаботи дохилии худро пурра бо барқ таъмин намуда, минбаъд энергияи изофагиро ба кишварҳои ҳамсоя содир намояд. Содироти энергия ба дигар мамлакатҳо яке аз омилҳои баланд гардидани вазъи иқтисодии Тоҷикистон шуда метавонад. Бо бунёди НБО Роғун Ҷумҳурии Тоҷикистон барои захира намудани манбаи бузурги оби нӯшокӣ имконият пайдо мекунад. Зеро обанбори ин нерӯгоҳ имконияти нигоҳ доштани захираи бузурги обро дошта, дар ҳолатҳои зарурӣ Тоҷикистон аз оби ин нерӯгоҳ истифода менамояд. Дар баробари он қувваи барқи истеҳсолшавандаи НБО Роғун аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои кишварҳои дигар бо нархи арзон дастрас мегардад, ки ин нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешгирии боз як масъалаи глобалии ҷаҳон ифлосшавии муҳити зист нишон медиҳад.
Ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО Роғунро мардуми сарбаланди тоҷик бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд. Ва имрӯз барои тамоми сокинони кишвар ҳамчун рӯзи хотирмон ва фаромӯшношаванда боқӣ хоҳад монд. Чунки маҳз дар ҳамин санаи муқаддас 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро ба даст оварда буд. Боиси хурсандист, ки маҳз дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишварамон агрегати дуюми НБО Роғун ба истифода дода шуд, ки он воқеан рӯзи фаромӯшношаванда хоҳад буд.
Муҳамадизода М.-омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик