​Аз таърихи терроризм, экстремизм ва мубориза бо он

Дар ҷаҳониимрӯзахатари терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳоимубрамиилмҳои сиёсӣ буда, мавриди омӯзишва тадқиқот қарор дорад. Ин раванди номатлубтамоми ҷомеаро нигарон кардааст. Омӯзиши ҳамаҷонибаиин масъала талаби замон буда, баҳри пешгири намудани амалҳои террористи, сабабҳова дарёфти роҳу равиши самарабахшимубориза алайҳитерроризмропайдо бояд кард.

Экстремизм аз калимаи фаронсави“extremisme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда шуда, маънояшифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амлҳои тундравона, азҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолият и инсон –дар дин, сиёсат ҳатто дар варзишниз ба миён омадааст. Ба ин маъни тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар кишварҳое,ки аксарияти аҳолии онҷо мусулмонон ташкил медиҳанд равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷӯҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонимебошад зеро ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣтамоми соҳаҳои ҳаёти фардиро ба танзим дарорад. Ба Тоҷикистон дар даҳсолаи нахустини истиқлолият ҳизбҳои бегона ва хатарнок Ҳизби таҳрир ва Салафия бо ин ё он роҳҳои гуногун ворид гардида ҳаёти осудаи диниву сиёсатии кишварамонро халалдор намуд. Умуман таҳти мафҳуми “созмон ё ҳаракатҳои исломӣ” ҷувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳохусусияти экстремистӣ дошта дар баъзе аз кишварҳои исломӣ фаъолияти онҳо мамнӯъ мебошад. Гурӯҳи дигари чунин созмонҳо ва ҳизбҳоро созмонҳое ташкил медиҳанд,ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона бо иҷозати қонун амал намуда бароибунёди давлат ва идораи он тибқи меъёрҳои исломӣ мубориза мебаранд

Терроризм дар таърихи инкишофи инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъияти барои ҳокимиятталош дошта,даст ба зӯрӣ,даҳшатоварданватарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун терроро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми “террор”дар маънои расмиаш истифода намегардад.

Дар асрҳои миёна бошад, дар кишварҳои аврупоӣ терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Худи амали қатли расми ҷинояткорон дар кадом шакле, ки набошад бо мақсади тарсонидани одамон ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ воқеиӣ гардонида мешуданд. Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ёташкилоти террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуд ҳастанд,ки ҳадафҳо ва фаъолияти худро махфӣ нигоҳ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумиимуносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонад. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти номдори террористӣ андешаҳо иброз менамояндва амалҳои зиддитеррористи низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд.Онҳо иборат аз Ал-Қоида, Ҷамоа-ал-исломия(Миср), ЕТА ва ғайра мебошанд. Яке аз сернуфузтарин ташкилоти террористии байналхалқии муосир “Ал-Қоида” мебошад. Террористони гурӯҳи мазкур новобаста аз оне, ки бештар дучори таъкиб ва амалҳои зиддитеррористии байналхалқӣ мегарданд,тадриҷан пурқудрат мешаванд.

Амалҳои террористи оқибатҳои харобиовар дошта тибқи нишондоди маълумоти умумии оморӣ дар олам оид ба амалиёти террористӣ оқибатҳои он мавҷуд нест. Аммо маълумот оид ба кишварҳо ва минтақаҳои алоҳида арзи ҳастӣ қарор доранд. Амалиёти терроризми байналхалқӣ тақрибан 5-10 фоизи амалҳои террористии ҷиноятиро ташкил медиҳанд. Аз соли 1976 то соли1996 ба ҳисоби миёна аз 320 то 660 амлиёти террористи байналхалқӣ рух додааст. Шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Сатҳи мудҳишият ва ваҳшоният авҷ мегирад. Фақат дар солҳои 1994 ва 1995 423 ва 440 нафар одамон қурбони дасисаҳои террористон гаштанд.

Воқан таъсир ва ташаккули равияи террористиӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларобоз ҳам мураккабтар мегардонад.

Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем. Мо бояд насли навро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбият карда, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу динӣ аз ҳар гуна хуруфотгаро ва ифротгаро талош намуда бошем.

Умар Каримов, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ