​Дўстиро ҷустуҷў дорем мо!

Бо шунидани низои навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ин суханҳои шоири ширинкалом Мирзо Турсузода ба ёдам расид. Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов байни ҳамдигар дўстии беандоза доштанд, ки доир ба ин масъала маводи зиёд дар матбуот ва шабакаи интернет оварда шудааст.

Ин гуна дўстӣ ва рафоқат байни ҳазорҳо нафар тоҷикону қирғизҳо ҷой дорад. Натиҷаи ҳамин дўстии хақҳо мебошад, ки калимаҳои зиёди як миллат дар забони миллати дигар ҳамчун асос истифода мешавад. Ин гуна каломатҳо дар забони қирғиз низ кам нестанд. «Ашкана» - ошхона, «туйкана» - тўйхона, «таваг» - табақ, «чачтарашкана» - сартарошхона ё мўйтарошхона ва садҳо дигар калимаҳоро мисол овардан мумкин аст. Агар дар гузашта қирғизҳо ва тоҷикон дўстӣ надошта бошанд, пас ин миқдори зиёди калимаҳои тоҷикӣ ба забони онҳо аз куҷо роҳ ёфтааст?

Халқи тоҷик – халқи ободкор ва созанда аст. Қирғизҳо ҳамчун қавми бадавии чодарнишин аз тоҷикон бисёр чизҳоро омўхтаанд, ки муҳимтарини онҳо аз зеринҳо иборат аст.

Якум. Қирғизҳодини ислом ва мусулмониро аз тоҷикон омўхтаанд. Дуввум. Истифодаи абзори рўзгор, ҷиҳози барои зиндагӣ зарурро ба онҳо тоҷикон ёд додааанд. Саввум. Истифодабарии сабзавот ва меваҷотро қирғизҳо ҳангоми тайёр кардани таом аз тоҷикон ёд гирифтаанд. Чаҳорум. Устодони илми қирғизҳо тоҷикон буданд, ки аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ба дашту авулҳои қирғизҳо сафар карда, ба фарзандони бойҳои қирғизҳо дарс дода, хондан ва навиштанро меомўзониданд. Панҷум. Ҷанозаву маросими дафни қирғизҳо аз қадим бо иштироки муллоҳои тоҷик баргузор мегаштанд.

Шашум. Ҳунарҳои мамул дар шаҳрҳоро ҳам қирғизҳо аз тоҷикон ёд гирифтаанд.

Мутобиқи асотири халқӣ саравлод ва ё баромади қирғизҳо ҷонвари дарранда – гург дониста мешавад. Инро аксарияти қирғизҳо медонанд ва фахр ҳам мекунанд, ки сарсилсилаи аҷдодони асотирияшон гург аст. Дар баъзе устураҳо гурги нар ва дар баъзе асотир гурги мода саравлод дониста мешавад. Ин гургест ваҳшӣ, даранда ва хуношом.

Қирғизҳо ҳамчун қавми бодиянишину кўчӣ таърихи қадима доранд ва дар масири таърих рўзгузаронияшон аз чорводорӣ буд ва агар аз ин ҳам даромад ба даст наоранд, даст ба тороҷи корвонҳои роҳгузар мезаданд, ба шаҳрҳо ҳамла мекарданду одамрабоӣ ва қатлу ғорат мекарданд.

Дар замони шўравӣ, ки аксарияти қирғизҳо маданият ва ҳатто забони русиро қабул карданд, ором буданд ва ҳамеша кўшиш мекарданд, ки тавассути забони русӣ маданияти нави худашонро созмон диҳанд. Маҳз дар давраи шўравӣ ин халқи бехат соҳиби хат, соҳиби пойтахту ҳудуд гашт.

Дар чанд соли Истиқлолият чандин инқилоб ба вуҷуд оварданд ва чанд сарвари давлаташонро барканор карданд.

Ман боварии комил дорам, ки имрўз низ тоҷикон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми қирғиз нақши муҳим доранд. Ба гуфтаи халқ, ки аз хеши дур ҳасояи наздик беҳтар аст. Мо бояд бо ҳамдигар дўст бошем!

Дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисҳои сахт Ғафуров Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ