Конференсияи илмии магистрантони кимиёшинос
Ғолиби конференсияи илмии магистрантон дар бахши химияи факултети биология ва химияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ки бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик ҷараён дорад, муайян гашт.
Дар конфронси доиргашта, магистрантон доир ба масоили “Методикаи омӯзонидани пайвастаҳои комплексии зергурӯҳи гурӯҳи I-и системаи даврии Д.И.Менделеев”, “Методикаи омӯзонидани пайвастаҳои комплексии зергурӯҳи гурӯҳи IV-и системаи даврии Д.И.Менделеев”, “Таҳлили этимологии баъзе истилоҳоти химия” ва “Фаъолнокии металлҳои вазнин дар оби чашмаи Тоҷикистон” маъруза намуданд.
Баъд аз муҳокима муаллифи мавзӯи “Таҳлили этимологии баъзе истилоҳоти химия” Турсунбой Ҳусейнов, магистранти курси 2 - уми ихтисоси химия беҳтарин маърузакунанда дар бахши химия эътироф гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил