​Маҳфили илмии “Хуршеди Ховар” доир гардид

Дар кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмии донишҷӯён - “Хуршеди Ховар” таҳти унвони“Таърихи пайдоиши номҳои шаҳрҳои Эрон” баргузор гашт.

Дар маҳфил дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ, Муътабар Оқилова доир ба китоби илмии Эраҷи Афшор “Пажӯҳиш дар номҳои шаҳрҳои Эрон” маълумот дод.

Баъдан донишҷӯёни бахши форсӣ Меҳрона Исломова ва Озода Ортиқова оид ба масоили “Аз таърихи пайдоиши номи шаҳри Ободон” ва “Аз таърихи пайдоиши номи шаҳри Озода ё худ Озаршаҳр” маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.

Сипас, ширкаткунандагон доир ба масоили мавриди зикр мубоҳиса карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ