Таассурот: Рӯзи дониш – ҳумоюн бод ба ту, эйдонишҷӯ!
Рӯзи дониш! Оре, ин рӯз рӯзе аст, ки тӯли ёздаҳ сол дар дабистони №26-и шаҳраки Конибодом, бо ҳамроҳи устодону ҳамсабақонам ва тӯли ду сол ҳамроҳи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ истиқбол гирифта будам. Вақте ки дар мактаб таҳсил мекардам ва аз фанни забони ангилисӣ як нафар модари меҳрубон, ҳалиму хоксор, нексиришт, муаллимаи донову закӣ ба мо дарс медоданд. Муаллима ҳангоми дарс додан аз роҳу усулҳои гуногун истифода мебурданд. Маҳорати баланди дарс додани муаллима ба шогирдон дар қалби кӯчаки ман меҳру муҳаббати муаллимаи фанни забони ангилисӣ шуданро бедор намуд.
Роҳбари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар баромадашонбахшида ба Рӯзи дониш қайд карданд, ки «Ҷавонон ояндаи миллатанд» инчунин, ибрози андеша карданд, ки омӯзиши ду забони хориҷӣ, яъне русӣ ва ангилисӣ барои ҳар як насли наврас ва ҷавонони кишвар хеле ьзарур мебошад, зеро бузургон гуфтаанд: «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ».
Ман ҳар як баромаду вохӯриҳои Пешвои муаззами миллатро аз оинаи нилгун тамошо ва тариқи радио гӯш мекардам. Аз ин баромадҳо илҳом гирифта, барои омӯзиши фанни забони ангилисӣ шуғл варзидам. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридам ва баъди гузаштан аз санҷишу имтиҳонҳо бо гирифтани 374 хол ба факултети забонҳои хориҷии МДТ «ДДХ ба номи академике Б. Ғафуров» аз рӯи ихтисоси забони ангилисӣ дохил шудам.
Он рӯзе ки бароям аз ММТ паёмак омад ва дар он гуфта шуда буд, ки Шумо «донишҷӯ» гардидед, хурсандии маро ҳадду канораш набуд он рӯз, зеро ин унвони пуршарафи «Донишҷӯи» - ро аз айёми кӯдакиам орзу мекардам ва хушбахтона ба ин орзуям расидам.
Аз оғози таҳсил сар карда дар факултети забонҳои хориҷӣ дар қатори ҳазорҳо нафар дониҷӯёнмашғули тадрис будам ва тӯли ду сол ин боргоҳи илму маърифатро бо баҳои хубу аъло таҳсил намудам. Дар ин ду сол аз устодони забардасту олимони пурмаҳсули факултет сабақ омӯхтам. Ҳоло дар курси сеюм таҳсил дорам.
Ҳамчун, як ҷавони мамлакат ва зодаи даврони Истиқлолият вақда медиҳам, ки ин даргоҳи пур зи нуру зиёро сарбаландона хатм карда, ба диёри хеш меравам ва ба фарзандони Ватан софдилона хизмат мекунам. Арзи сипоси худро ба Роҳбари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои мо ҷавонон шароити хуби таҳсил карданро дар Муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат фароҳам оварданд, то мо насли ҷавони имрӯзу ояндаи кишвар, дар ин замони муосир аз илму дониши имрӯза омӯзему барои ояндаи дурахшони мамлакати биҳишосоямон саҳми хешро гузорем.
Дониш – чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати бузургу хиради ба роҳи дониш ба дастовардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад.
Рӯзи дарси сулҳ ва донишро соли сеюм мешавад, ки бо Шумо устодон ва ҳамсабақонам истиқбол мегирем, ин санаи фархунда ба ҳар яки шумо устодон ва донишщҷуёни азиз, ҳумоён бод!
Мавзуна Ибрагимова, донишҷӯи соли сеюми факултети забонҳои хориҷӣ, ихтисоси забони ангилисӣ