​Сардабири иғвогар (Изҳороти мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С.)

Нафари муғризи ватангадо, ки муассиси сомонаи “Ахбор” гӯён худро бо лофу ҳавоангезӣ муаррифӣ кардааст, бехабар аз ҳиссиёти ҷавонмардиву ватандӯстист. Дараҷаи фарҳангу нишонаи маданияти ӯ то ба ҳамон андозаест, ки нисбати ин ё он амале эроди ноҷоя гирад, инсонҳоеро, ки намешиносанд харусаг хонад ё худ мардию мардонагиро танҳо бо мавҷудияти узвҳои ҷинсии организм фарқ карда тавонад.

Ин нафари фосиқ, ки бо сершуморию пуртарафдортарин будани сомонаи “Ахбор” дар сегменти тоҷикии Интернет ҳарфи ҳавоӣ мезанад дарк кардааст, ки дар гӯшаҳои олам нафарони номарди хоину ватанфурӯш монанди ӯ ҳақиқатан ҳам хелесершуморанд, ки сомонаи зикршударо тарафдорӣ мекунанд. Бале, чунин нохалафонро ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳнатпарастӣ дар вуҷудашон кайҳо тарк гуфтаву ҷойи онро ҳиссиёти ваҳшонӣ аз қабили ҳарзагӯӣ, виҷдонфурӯшӣ, фисқу фасоди ғарбӣ ва ғайра ишғол кардааст. Вагарна, онон бо рафтору гуфтори ношоистаю амалҳои ноҷояро нисбати ватани бобоиашон – Тоҷикистони соҳибистиқлоли биҳиштосо хӯрдагирӣ намекарданд.

Танҳо нафаре, ки маслуқи маънавист намехоҳад фаҳмаду дарк созад, ки алҳол дар Ватани азизи мо мардуми меҳнатқарин, аз он ҷумла зиёиён сидқан меҳру муҳаббат бо Тоҷикистон доранду на бо фишори КДАМ ба мубориза бар зидди ашхоси нопоки дур аз Ватан бархестаанд. Хоса зиёиёни тоҷикистонӣ бо амри дилу виҷдони пок нафарони гумроҳу хиёнатпешаро маҳкум намуда ононро ба созандагию суботи ҷомеа сарф кардани нерӯи ҷисмонӣ, донишу маҳоратнамои даъват мекунанд. Зеро, хушбахтӣ аз хизмати содиқона ба Ватани аҷдодӣ оғоз меёбаду маскун шудани ҷасади дар хоки макони тавлидаш насиби ҳар касе нест.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ