Изҳороти Юсупова М.А.-н.и.ф., дотсенти кафедраиназария ва амалияи забони англисӣ, факултети забонҳоихориҷӣ
Ҳаёти осоиштаи тамоми сайёраамон ҳоло бо хавотирӣ, тарсу ваҳм ва даҳшат фарогир гардидааст. Сабабгори ин хавотириҳо босмачиёни муосир мебошанд. Онҳо мақсад ва мароми барои ҳаёти мардум ягон хел муфидиятдошта надорандва манбаи вақтгузарониашон сиёҳ намудани дини мубини Ислом мебошад. Таъми ҳаёти осоиштаро ҳамеша талх мекунанд ва мақсади онҳо танҳо барои нанг ва номуси инсонияти тамоми рӯи замин иснод овардан асту бас. Онҳо на ин, ки мисли босмачиёни асри гузашта, балки босмачиёни асри нав – яъне, асри технологияи муосир ва нанотехнология мебошанд. Силоҳ ва шуури онҳо аз рӯи технологияи ҳозиразамон сохта шудааст. Яъне онҳо нисбати собиқ босмачиён даҳшатноктаранд.
Дар замони ташкилшавии Иттиҳоди Шӯравӣ агар душманони сохти нави давлат бар зидди ҷамъияти нав мубориза бурда бошанд, дар замони муосир ҳизбҳои ба ҷамъияти муосир бегона, ки дар зери ливои дини мубини Ислом ба оромии сайёра халалу зараррасонида тухми фисқу фасодро аз номи ин дин ба ҷамъияти мо пошида истодаанд.
Шарм намедоранд онҳо. Яъне, онҳо ноқисулақлони асри нав мебошанд. Худ намедонанд ва намехоҳанд, ки хонанду дар бораи ҳодисаҳои ташкилмекардаашон донанд. Агар онҳо ба мафҳумҳои дини мубини Ислом сарфаҳм мерафтанд номи босмачиёни қарни навро намегирифтанд.
Босмачиёни асри гузашта пешқадамони ҷамъияти худро ба қатл расонида ба мақсади худ ноил нагардидаанд, инҳои малъун низ нахоҳанд гардид. Онҳо мебояд донанд, ки ҳоло онҳо ҷои яроқи ҳастаиро гирифтаанд ва ҳамеша ба тамоми инсоният таҳдиди маргро менамоянду халос. Яъне беобрӯён ва беиззатони замони муосиранд.
Онҳо сирояткунандагони замони муосир буда аз яроқи ҳастаӣ низ пурқувваттар мебошанд. Силоҳи ягонаи онҳо иснод овардан бо номи дини мубини Ислом мебошад. Аксарияти думравони онҳо дар ҷамъияти мо кору зиндагӣ доранд ва бо мо ҳамқадаму ҳамроҳанд вале ақидаашон тамоман дигар аст ва мо бояд ватандорони тоҷик дар кишвар ҳамеша гӯшу ҳуш бошем.
Онҳо худро ислоҳотгари дини динӣ вонамуд намуда дар арсаи сиёсати давлатии мамлакати мо кору фаъолият доранд, сирру асрори давлатро дар бораи кормандони давлатии кишвар чун корманди давлатӣ ҳамроҳашон фаъолият бурда истода мекобанд, меёбанд ва мефаҳманд ва ҳизбҳои бегонаро бо маълумотҳои иғвоангезона таъмин менамоянд. Онҳоро дар ҷамъият бо номи наҳзатиён мешиносанд. Он наҳзатиёни ба андешаи худ озодии инсониятро мехоста чун дӯст бо мо дар ҷамъият кору фаъолият бурда маълумот ҷамъ мекунанд, он маълумотҳоро перефраза намуда зидди оромии кишвар тӯҳматҳои беасос мебофанд ва тинҷиву осоиштагии мардумро халалдор намуда ба ВАО аз пашша фил сохта, андешаҳои наандешидаашонро мепартоянд ва паҳн мекунанду хотираи ноболидаашон ҷамъ мешавад. Навиштаҳои бӯҳтонангези онҳоро баъзе аз кирдор ва рафтори безеби онҳо бехабарон мехонанд, шуурашон вайрон мешавад, дудила мегарданд, ки кадом ҷамъиятро интихоб кунанд, ҷамъияти террористон ва экстремистонро ё ҷамъияти осоиштаи худро.
Босмачиёни муосир пеш аз ҳама террори фикриро ба худ интихоб намудаанд ва шуури халқро аввал бо ҳар хел гуфтаву бӯҳтонҳо заҳролуд менамоянд, ки он ниҳоят ба террори зидди оромии инсонӣ оварда мерасонад.
Дини мубини Ислом бо мафҳум ва маънояш тағйир наёфтааст ва тағйир нахоҳад ёфт. Танҳо ақидаҳои ҷамъиятвайронкунандагон аз номи дини мубини Ислом ташаккул ёфтаасту вайронкориҳои онҳо дар ҷамъият зиёд гардидааст.
Ҳоло халқи тоҷик дар мамлакати мо ба мафҳум ва мақсади он ҳизбҳои бегона ошно ҳастанд. Он беобрӯёнро аксарияти халқҳо бо чашмонашон дар мамлакатҳои нооромашон дида истоданд, онҳо берӯёни қарн буда рӯирост ба манфиати худ аз номи дини мубини Ислом кор ва фаъолият бурда истодаанд.
Ботину зоҳири наҳзатиҳо афрӯхтани ҷангу даргириҳо дар олам мебошад, ки инро ҳар як солимфикр медонад. Онҳо аъзоёни ташкилотҳои барои ҷамъияти муосир бегона, яъне ТТЭ ва ҲНИ-ҳо барин ташкилотҳои худсохти бетасдиқи ҷамъият буда шуҷоатмандиву далерии инсонро чашми дидан надоранд. Барои ҳамин шӯрапуштони хунхори наҳзатӣ ном гирифтани онҳо бесабаб нест. Онҳоро ҳатто бачагони хурдсол аз филмҳои дидаашон ва мавзӯъҳои хондаашон сарфаҳм мераванд, ки онҳо золиму хунхоранд.
Онҳо аз босмачиёни қарни гузашта фарқашон ҳамин, ки онҳо бераҳмтаранд ва бо силоҳҳои муосири бебаркаш таъминанд. Яроқҳои ба ҳаёти на танҳо инсон зараровар балки бо табиат зараровар таъминанд. Он яроқу аслиҳаи онҳо истифода мебурда,на танҳо марги инсониятро балки марги табиату сайёраро ба пеш меорад.
Ҳамин тавр, дар анҷоми навиштаҳоям боз менависам, ки босмачиёни муосир танҳо аз номи дини мубини Ислом бо ҳар гуна рафтору кирдорҳои бепарҳез даст мезананд. Онҳо худ гумроҳанду гумроҳкунандагони халқи оддиву меҳнаткаш мебошанд.
Мо омӯзгорон донишандӯзони худро аз рафтор ва кирдорҳои безеби онҳо парҳез мекунонем.Онҳоро боиффату хирадманд, таҳаммулпазир, покдоману ватандӯст, садоқатманд, хештаншинос ва бофаросат тарбия хоҳем кард. Ва ниҳоят ба маром ва мақсади ягонаи босмачиёни кӯҳна ва муосир онҳоро мешиносонем.