Муаммоҳои иҷтимоии ҷавонон ва амнияти миллӣ
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло,
доктори илмҳои таърих, профессор,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б. Ғафуров
Дар ҳама давру замонҳо масъалаи таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз масоили мубрам ва ҳассос маҳсуб мешуд ва ҳазорсолаи сеюм башарият чолишҳо ва таҳдидҳои навро ба амният эҳсос карда истодааст. Аз оғози асри ХХI низоми тартиботи ҷаҳонӣ ба тағйироти куллии сохторӣ дучор омад, ки онба нерӯи тоза пайдо кардани иқтидори иқтисодӣ ва сиёсии як қатор давлатҳо ва иттиҳодияҳои ҳамгирои онҳо иртибот дорад. Ба саҳнаи ҳаёти байналхалқӣ сохторҳои фаромиллӣ ворид гардида, боиси ташаннуҷи зиддиятҳо дар байни кишварҳои алоҳида гардида истодаанд. Маҳз дар ҳамин давра таҳдидҳои терроризми байналхалқӣ ба вуҷуд омада оламро ноором карда истодааст.
Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ касб кардааст ва афроди равшанфикру дурназарро ба ташвиш андохтааст. Дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ объекти муҳими тадқиқи илмҳои сиёсӣ мансуб меёбанд. Давлат таъмини амниятро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки фаъолияти хеш медонад. Муҳаққиқ ва муаррихи номвар Саймумин Ятимов,ки дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифв мекунад ва аз набзи амнияти кишвар бештар огоҳ аст бо чопи мақолаи “Илм ва амнияти миллӣ ” назари хешро оид ба таъмини амнияти миллӣ аз назари таърихият ва донишҳои илмӣ баён кардааст. Аз ҷумла ӯ менависад, ки «Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи "амният" муродифи калимаи "давлат" аст ва баръакс. Аввалин тасаввурот оиди ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи "давлат", зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад» [1].
Аз ин хотир, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи моҳияту хусусиятхои ин масъала, зарурати тадқиқ ва таҳлили паҳлӯҳои гуногуни назария ва амалияи амнияти давлатӣ ва таъмини бехатариро дар доираи илмҳои сиёсӣ ва низоми донишҳои дигари гуманитарӣ ба миён меорад. Маҳз аз ҳамин сабаб масоили амният ба яке аз ҷузъҳои барномаи институтҳои таълимӣ ва тадқиқотҳо табдил меёбанд. Ин дар навбати худ муносибати бошууронаро ба масоили амнияти миллӣ ва байналмилалӣ на фақат аз тарафи мутахассисон, балки аз тарафи доираи васеи шаҳрвандон талаб мекунад. Бинобар ин, ба самтҳои таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва огоҳ кардани аҳли ҷомеа аз таъсири хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир эътибордоданиолимони соҳаи ҷомеашиносӣ ва раванди корҳои илмии худро ба он мутобиқ намудани онҳо, ба амнияти кишвар ва миллат, муносибатҳои байналмилалӣ ва суботу оромии сайёра таъсири амиқ гузошта метавонад
Азбаски кишвари мо низ аз лиҳози мавқеи ҷуғрофии худ аз таъсириравандҳои манфии ҳаракатҳои экстремистӣ ва терористӣ дар канор буда наметавонад,омеашиносон бояд равандҳои зикршударо фаъолона таҳлил карда, оид ба ҷанбаҳои гуногун ва оқибати онҳо ба амнияту суботи давлат ва ҷомеаи мо андешаву хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд.
Дар замони муосир яке аз масъалаҳои асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеаи мутамаддин тарбияи дуруст ба камол расонидани ҷавонон, омода сохтани мутахассисони ҷавон ва муҳимтар аз ҳама ҳалли муаммоҳои иҷтимоии ҷавонон маҳсуб мешавад, ки дар амнияту бехатарии миллӣ нақши басо равшанро иҷро менамояд.
Ҷавонон яке аз гурӯҳҳои фаъоли аҳолиро ташкил медиҳанд, ки онҳо зуд ба шароитҳои нави ташаккулёбии ҳаёти ҷаҳонишавӣ мутобиқ мешаванд ва ҳамчун раҳнамои раванди ҷаҳонишавӣ баромад мекунанд.
Айни замон мувофиқи маълумотҳои умумиҷаҳонӣ оид ба вазъи ҷавонон дар соли 2015 шумораи ҷавонони 14 - 24 сола дар ҷаҳон аз 1,02 миллиард дар соли 1995 ба 1,19 миллиард дар соли 2015 расидааст. Наздик аз 5 як қисми аҳолии рӯи дунёро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки як қувваи бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.
Ҷавонон ояндаи миллатанд, нерӯи созандаву бунёдкори онҳо пояи устувории ҳар як миллату давлати соҳибистиқлолро инъикос намуда, барои рушду нумӯъи он заминаҳову сарчашмаҳои бузургро фароҳам месозад.
Сараввал, боигарии асосиву гаронбаҳоямон халқи ҳунарманди мо, хусусан ҷавонон, нерӯи ҷавонон, ҳунару истеъдоду садоқати онҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони синни то 30 - сола ташкил медиҳанд.
Дуввум, ҷавонӣ пеш аз ҳама нерӯст. Дар он ҷойе, ки ҷавонӣ ҳаст, ишқу умед ҳаст, ғайрату шуҷоат ҳаст, ҷоннисорӣ ҳаст. Ин нерӯ, ин сифатҳо заминаҳое мебошанд, ки имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои баланди миллӣ барои мо ногузиранд.
Сеюм, ҷавонон ҳамеша дили гарм доранд, он ҳамеша дар чустуҷӯву дар такопуянд, ҷавонон ҳамеша эҷодкоранд, ба пеш менигаранд ва пеш мераванд, ки инҳо низ яке аз омилҳои расидан ба ҳадафҳост.
Метавон бартарӣ ва сифатҳои ҷавониро идома дод. Аммо ба ин зарурат нест, зеро инҳо ҳама маълуму мусалламанд. Албатта, далелҳои овардаи мо ҳаргиз чунин маъно надоранд, ки мо соф такя ба ҷавонон кунему аз баҳри пирон бароем. Баръакс, дар мо масале ҳаст: «Бе пир марав, ки дар амонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ”. Агар ташбеҳ диҳем, пирон камонанд, ҷавонон тир ва ҳеҷ тире бе камон қобили парвоз нест. Аммо инро ҳам набояд аз ёд бурд, ки теъдоди тир ҳамеша хеле бештар аз камон аст. Камон раҳнамост, аммо он чи ба ҳадаф рафта мерасад, тир аст. Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати мо ин ҳама ба назар гирифта шудааст.
Арзиши ҷавонон ва нақшу мавқеи ин қишри бонуфузи ҷомеаро дар беҳтарин шакл ва мазмун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвармeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, ки воқеан муносиб аст. Яъне, Пешвои муаззами мо ҷавононро «Ояндаи миллату давлат» гуфтаанд, ки воқеан баҳои сазовор ва дар айни замон масъулиятталабона мебошад.
Муаммоҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти ҷавонон вобаста ба ҷаҳонишавии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кулли кишварҳои олам ба ҳамдигар наздиканд ва дар бартараф кардани он ҳар як кишвар ба тарзи худ вобаста ба шароити бавуқӯъпайваста, урфу одатҳои миллӣ, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва монанди инҳо кӯшиш менамояд. Ин ҷо метавон силсилаи муаммоҳои иҷтимоии мавҷударо, ки садди роҳи дурусти тарбияи ҷавонон мебошад ёдрас кард, ки ҳар яке бо сабабҳои мухталиф рӯи кор омадаанд ва бартараф кардани онҳо ё раҳоӣ бахшидани ҷавонон аз гирдоби он мушкилот заҳмати зиёдро тақозо менамояд.
Дар ин xода саҳмиилми сотсиологияи ҷавонон, шохаи мустақили илми сотсиология нақши муҳим дорад,зеро онба таҳқиқи ҷавонон ҳамчун як умумияти иҷтимоӣ,хусусиятҳои иxтимоигардии онҳо,тарзи ҳаёт, арзишҳо ва дурнамои ҳаётӣ, нақш ва мақоми онҳо, вазъи ҷавонон ва гурӯҳҳои ҷавонондар ҷомеа машғул аст.
Аксари муҳаққиқон хусусияти муаммоҳои ҷавононро тавассути "оғози зиндагии ҷавонон»,ки барои насли наврас хос аст, чунин муайян менамоянд:издивоҷ надоштани онҳо,надоштани макони истиқоматии шахсии худ, надоштани тахассуси касбӣ, надоштани таҷрибаи кофии ҳаётӣ, (ноустувории ҷаҳонбинӣ) нисбатан паст будани нуфузи иҷтимоӣ ва ғайраҳо.
Ба муаммоҳои муҳимтарини ҷавонон гурӯҳи муҳаққиқон унсурҳои зеринро дохил мекунанд:
• таълим дар асоси меъёрҳои таърихӣ, тарзи ҳаёт ва анъанаҳои халқ;
• гирифтани таҳсилоти меъёрӣ ва интихоби касб (ихтисос);
• иҷтимоишавӣ бо назардошти шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвар;
• муайян кардани маънии ҳаёт [2, с. 44].
Дар байни ҷавонони Тоҷикистон низ якчанд муаммоҳо, аз қабили костагии ахлоқии ҷавонон, иваз намудани арзишҳои ҳаёт, дур шудан аз анъанаҳи неки илмомӯзӣ, бекорӣ, гаравиш ба экстремизм ва терроризм, нашъамандӣ, тамокукашӣ, майзадагӣ, гумроҳшавӣ, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли инҳо истодаанд, ки мавҷудияти онҳо барои пешрафти ҷомеа халал ворид мекунад.
Дар ҷаҳони муосир дар шароити гузаштан ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ки аслан рушд додани имконоти техникии кишварҳоро тақозо мекунад, таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла сатҳи бо кор таъмингардии одамон таназзул ёфта истодааст ва дар ниҳоят ба афзоишёбии сатҳи бекорӣ ва норозигии аҳолӣ боис мегардад.
Дар шароити Тоҷикистон бошад, дар баробари тазодҳои технологияҳои иттилоотӣ, вазъи демографӣ низ, ки ба ҷавон будани аҳолӣ асос меёбад, ба зиёд гардидани мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла афзоиш ёфтани сатҳи бекорӣ боис гардидааст. Дар ҷаҳони муосир бисёр кишварҳоро тамоюли пиршавии аҳолӣ таҳдид карда истодааст, ки боиси нигаронӣ гардидааст. Валехушбахтона ин тамоюл нисбат ба Тоҷикистон ҷой надорад, чун он аз нигоҳи синнусоли аҳолӣ ҷавон аст.
Тибқи маълумотҳои омории сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2013 сатҳи шуғлнокии ҷавонон дар кишвар 1,7 млн. нафарро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2012 - 6,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Аммо ин рақам аз шумораи умумии ҷавонон ҳамагӣ 81,1 фоизро ташкил медиҳад, яъне мақоми шуғлнокии 17,9 фоизи ҷавонон номуайян боқӣ мемонад, ки ба қатори онҳо ҷавонони бекор (ҳамагӣ 27,8 ҳазор нафар) ва ҷавонони машғули фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ бударо шомил кардан мумкин аст, гарчанде ин рақам бақияи хело зиёдро ташкил медиҳад [3].
Яке аз усулҳои тарбияи комили ҷавонон ва эмин доштани онҳо аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб, ин ба шуғл ва кор фаро гирифтани онҳо мебошад. Тибқи омори расмӣ ҳамагӣ 27,4% (738900) ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки барои ин ҳудудан 4000 муассисаҳои таълимӣ ташкил гардидаанд. Ҳамчунин, қариб 7000 ҷавонон дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Беш аз 4500 ҷавонон ба ҳайси хизматчии давлатӣ ва қисми муайян дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ фаъолият доранд. Дар бораи машғулияти дигар гурӯҳҳои ҷавонон маълумоти зарурӣ дастрас нагардид, ки дар ниҳоят аз теъдоди умумии ҷавонон тайи 55% онҳо бешуғл баҳогузорӣ мегарданд.
Солҳои охир шуҷоату далерии қисме аз ҷавононро аҳён-аҳён мушоҳида намуда, дар зери хатар будани ҳаёташонро эҳсос мекунем. Инқилоби зоҳириву ботинии ҷавонони мамолики Ғарб бевосита ба ҳаёту фаъолияти ҷавонони зиёди мамлакатҳо зуд таъсири худро мерасонад. Шабакаҳои интернетӣ, телевизион, маҷаллаҳо барои тағйироти ҷалбу рағбати ҷавонон низ воситаи ёрирасон аст.
Ин ҷо, онҳоеро дар назар дорем, ки аз паси таассуб ба рафтору кирдори ҷавонони ғарб шуда, ҳаёти ояндаашонро тангу торик сохтаанду қисмашон роҳи наҷотро дар худкушӣ ва ё нашъамандӣ мебинанд.
Бале, вабои асри ХХI – нашъамандӣ, СПИД, дигар касалиҳои зараровар ба ҷомеа мебинем, ки имрӯз маҳз дар байни ҷавонон инкишоф ёфтааст. Мувофиқи маълумоти омории «ЮНЕСКО» беш аз 45 фоизи аҳолии ҷавони курраи Замин шомили гурӯҳҳои гуногунфарҳангу иҷтимоӣ буда, синну солашон на кам аз 16 то 30 соларо ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Вазорати иҷтимоӣ ва тандурустии Русия аксарият ҳалокати ҷавононро ба ҳамин самтҳои номатлуби ҷомеа мансуб медонанд, ки маъмултаринашроҳи худкушӣ аст. Ин ваҳшат дар байни ҷомеаи мо низ имрӯз ба назар мерасад, баъзеҳо пас аз марги худкушта ӯро бо касалиҳои руҳӣ гумонбар мекунанд, ки баҳонаи рӯйпуш намудани маризиҳо мебошад. Бояд ин ваҳшат даҳшате ба ҷомеаро саривақт бартараф кард, зеро зиёдашон фарзанд доранд, хоҳару бародар, модару падар доранд. Барои бартараф кардани инҷараёнҳо аввалан тарбияи дурусти фарзанд аз ҷониби падару модар ва назорати ҷиддии онҳо, таълимгоҳу муҳит нақши беандоза дорад.
Нашъамандӣ. Ин мушкилоти ҷавонони асри 21 аст, ки мубориза бо он, нисбат аз майзадагӣ, мушкилтар аст. Аз рӯи маълумотҳои иттилоотии Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ бармеояд, ки шумораи беморони нашъаманд дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 20177 ҳазору 67 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи нашъамандони синни аз 18 то 34-сола2 ҳазору 241 нафар аст. Чунин мушкилоти ҷавонон дар ҷаҳони муосир дар ҳар қадам дучор мешавад ва танҳо аз онҳо халос шудан қариб ғайриимкон аст [4].
Дигар масъалае, ки боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст, ин ҳамарӯза афзоиш ёфтани омилҳои номатлуб дар байни насли ҷавон, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон, танфурӯшӣ ва ғайра мебошанд, ки ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад.
Бино ба маълумоти Прокуратураи Генералӣ 1140 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи гурӯҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, ки пайравони салафия мебошанд. Аз ин миқдор 521 нафарашон аъзои ТЭТ ҲНИТ мебошанд. 85 фоизи ҷавонони дар сафи гурӯҳҳои ҷангии ДИИШ разманда муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, кидар Русия сукунат доштанд. Таҳлили маълумотҳо шаҳодат медиҳанд, ки аксар вакт ҷавонони тоҷик тавассути интернет ба ин ҳизбу харакатҳои экстремистию террористӣ гаравида мешаванд. Айни ҳол ҳудуди 80 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ аъзоёни “Давлати исломӣ” ба Ватан баргаштаанд [5].
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мақолаи “Илм ва амнияти миллӣ” аз ҷумламенависад, ки“падидаҳои "ДОИШ", "Ал-Қоида", "ҲНИТ", "Ваҳҳобия", "Салафия", "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва монанди ин ҷараёнҳои террористиву зиддимиллӣ қатъан чизҳои нав нестанд. Ин гуна ҳаракатҳо дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол вуҷуд доштанд, доранд ва хоҳанд дошт. Дар шаклҳои дигар. Дар асоси ақидаҳои дигар (динӣ ва ғайридинӣ). Бо пуштибонҳои дигар. Бо истифода аз маблағҳои дигар. Бо номҳои дигар. Бо чеҳраҳои дигар. Аз нигоҳи таҳлил, таърихи миллатҳо, асосан, таърихи зиддиятҳо, ҷангҳо, муборизаҳост. Аз ин фоҷиа набояд сохт. Ин мушкили моро осон намекунад. Онҳоро ҷиддан омӯхтан, аз нигоҳи илмӣ ҳамчун падидаи воқеӣ нигоҳ карда, зарур аст системаи таъмини амниятро тарзе пешгӯӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намуд, киба миллат осеб расонида натавонанд” [1].
Костагии ахлоқи ҷавонон. Яке аз муаммоҳои дардноки ҷомеаи имрӯза костагии ахлоқи баъзе аз ҷавонон мебошад, ки ислоҳи он вазифаи ҳамешагии муассисаҳои таълимӣ маҳсуб мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки ҷаҳонишавӣ дар тинат ва сирати ҷавонон баъзе аз падидаҳои номатлуб аз қабили беэътиноӣ ба меъёрҳои ахлоқии суннатӣ, чун эҳтиром ба волидайн ва устод, муқаддасоти оилавӣ, ишқу муҳаббати самимӣ ва монанди инҳоро эҷод кард. Гузашта аз ин, гаравидан ба фарҳанги ғарб ё баръакас ба исломи ғайрирасмӣ яке аз проблемаҳои дардноки ҷомеа гардид. Паст шудани ҷаҳонбинии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баъзе аз ҷавононро бо ҷиноят рӯ ба рӯ кард.
Майзадагӣ. Майзадагиро метавон мушкилоти иҷтимоии ҷавонон гӯем, зеро ҳеҷ кас аз он эмин нест. Имрӯз майзадагӣ мушкилоти мубрами аксари ҷавонписарон аст. Нисбати духтарон гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон дар байни онҳо дар муқоиса бо кишварҳоидигар, тамокукашӣ ва майзадагӣ хеле кам паҳн шудааст. Аммо вобаста бо таъсири кишварҳои дигарин масъала бояд фаромӯш нашавад. Давлат тарғибгари тарзи ҳаёти солим буда, барои ҷавонон иншоотҳои варзишӣ месозад, ки оназ одатҳои бад ҷавононро дур месозад. Аз ин ҷо мушкилоти дигари ҷавонон ба миён меояд, ҷинояткорӣ. Шумораи бештари ҷиноятҳои аз ҷониби наврасон содиршуда дар ҳолати мастӣ аст.
Худкушӣ байни ҷавонон. Мутаассифона, тибқи гузоришҳо, теъдоди худкушӣ дар кишвари мо меафзояд. Ташвишовар он аст, ки теъдоди худкушӣ дар синни аз 18 то 25 сола зиёд шуда истодааст. Ба наздикӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони маорифи вилояти Суғд мулоқот намуда, дар бораи ҷинояткории зиёд дар байни хонандагони мактабҳои миёна, ҳамчун далелҳои худкушӣ дар байни наврасон ва ҷавонон изҳори нигаронӣ намуданд. Дар робита ба ин, Президент ба мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки якҷоя бо мақомоти давлатии маҳаллӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, занон ва оилакорҳои пешгирӣ ва тарғиботиро дар ин самт афзун намоянд. Бино ба маълумоти омори расмии Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2015, 550 ҳодисаи худкушӣ ва кӯшиши он (дар соли 2014 - 568) дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 95 тои он бо ноболиғон рух додааст.
Иваз намудани арзишҳои ҳаёт (пӯшидани ҳиҷоб)низ яке аз падидаҳои номатлубест, ки моро, махсусан ҷавононро аз асли худ дур мекунад. Беэҳтиромӣ ба либосҳои анъанавӣ - миллии худ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги бегона натиҷаи сатҳи пасти дониш ва маърифатибаъзе аз ҷавондухтарон аст.
Дур шудан аз анъанаҳои неки илмомӯзӣ ва гаравиш ба экстремизм ва терроризм. Китоб таи ҳазорсолаҳо, ки ҳамчун сарчашмаи илм ва ахлоқи ҳамида шинохта шудааст аз мадди назар ва таваҷҷӯҳи ҷавонон дур монд. Шаробзадагӣ, нашъамандӣ, сигоркашӣ агар ба ҳаёти шахсии ҷавонон аз ҷумла саломатии онҳо таъсири манфӣ расонида бошад, пас гаравиш ба исломи ғайрирасмӣ ва эътирофи ғояҳои экстремистӣ дар ҷомеа нооромиро ба вуҷуд овард.
Ин нукта мусаллам аст, ки дар ҳамаи давру замон тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимии кишвар чӣ олӣ ва чӣ миёна дар раванди тарбияи ҷавонон ва бартараф кардани муаммоҳои мавҷуда дар заминаи нақшаҳои мушаххас корбарӣ менамоянд. Имрӯз барои соҳибмаълумот гардонидани ҷавонон дар ҷумҳурӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ хизматрасонии таҳсилотиро ба роҳ монда, дар онҳо аз рӯи ихтисосҳои гуногун мутахассис тайёр карда мешавад.
Вобаста ба Соли ҷавонон, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон чӣ аз лиҳози ахлоқӣ ва чӣ аз лиҳози ватанпарварӣ мебошад, моро водор мекунад, ки дар ин раванд андешаҳои худро баён кунем, корҳоеро ба роҳ монда, дар сатҳи баланд ба анҷом расонем, кидар иҷрои ҳадафҳои олии Пешвои миллат оид ба нақши ҷавонон дар ҷомеа созгор бошад.
Дигар аз омили таъсирпазир ин дар амал татбиқу фарогириКонсепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кисиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан, насли наврасро муайян месозад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, ташкилотҳои эҷодӣ, ҷавонон, воситаҳои ахбори умум ва китобхонаҳо дар бобати тарбияи миллии аҳолии кишвар фаъол буда, дар амалӣ намудани барномаю тадбирҳои давлатии ин масъалаи муҳими аҳамияти бузурги иҷтимоию ахлоқӣ дошта саҳмгузор бошанд.
Дар ин маврид адабиёти пурғановати классикии тоҷик низ метавонад нақши бузург бозад. Қаҳрамонони бадеӣ, образҳои нотакрори достонҳои Фирдавсиву Низомӣ, қаҳрамонони асарҳои Саъдиву Мавлоно Ҳофизу Камол, ки аксарашон барои тарбияти шахсияти инсонҳо равона карда шудааст, барои ҷавонон метавонад дарси ибрат гардад. Аз ин рӯ, омӯзиши дурусти осори бадеӣ метавонад дар ташаккули дурусти наврасону ҷавонон таъсирпазир бошад. Ғояҳои баланди адабиёти классикии мо дар баробари ҳамчун дастури раҳнамо хизмат кардан дар пур кардани фазои холӣ муҳим буда, ба андешаву афкори пурғарази баъзе аз ифротгароёни динӣ, хоса, муллоҳои чаласавод муқобилият нишон диҳад.
Боиси зикр аст, ки то ҳол ҷавонон ба тарбияи ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, рӯзғордорӣ, муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ниёз доранд ва дар баъзан ҳолат аз сабаби сар задани ин омилҳо тарки таҳсил менамоянд.
Масалан, бо мақсади мавриди омӯзиш қарор додани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон-донишҷӯён байни муҳассилини 15 факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пурсиши афкор гузаронида шуд, ки дар он 500 нафар донишҷӯёни ҳамаи 15 факултетҳо иштирок намуданд ва натиҷаи он нишон дод, ки: аз теъдоди умумии пурсидашудагон 496 нафар – 98,2% мазмуни мафҳумҳои терроризм ва экстремизмро медонанд. 190 нафар донишҷӯён ё 37,6% дар 1 ё 2 чорабинӣ, 242 нафар ё 48% дар 3 ё 4 чорабинӣ ва 73 нафар ё 14,4% дигар аз 5 зиёд чорабиниҳои тарбиявии пешгирикунандаи терроризму экстремизм дар донишгоҳ иштирок кардаанд.
Донишҷӯён зимни пурсиш шаклҳои нафъовари гузаронидани чорабиниҳоро барои пешгирии терроризм ва экстремизм чунин арзёбӣ намуданд: 119 нафар ё 23,5% дарсҳои тарбиявӣ ва вохӯриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 20 нафар ё 4% вохӯриҳо бо истифодаи видеофилмҳо ва 366 нафар ё 72,5% донишҷӯён ҳамаи шаклҳои гуногуни чорабиниҳоро нафъовар ҳисобиданд. Ё ин ки бахшида ба «Соли ҷавонон» ва «Рӯзи оила» байни донишҷӯён пурсиши афкор дар мавзӯи «Сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон аз нигоҳи ҷавонон» гузаронида шуд ва ҷавобҳои онҳо аз тарафи мутахассисон – равоншиносон таҳлил карда шуд. Натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда дар факултетҳои геоэкология, филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ оид ба сабабҳои пошхӯрии оилаҳо чунин буд: Хонадоршавии барвақт – 26%; Муносибати тарафайн – 18,75%; Носозишӣ бо хушдоман – 22%; Тафаккури пасти ҷавонон – 9%; Шабакаи интернет ва телефони мобилӣ – 5,6%; Зӯроварӣ дар оила – 6,7%; Шароити иқтисодӣ – иҷтимоӣ – 3,8%; Маҷбуран хонадоршавӣ – 5,8%; Муҳоҷирати меҳнатӣ – 1,9%; Хиёнат – 2%.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам ин ҷо баррасӣ намоям, ин фаъолияти шӯъбаҳои кор бо ҷавонон мебошад. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ шуъбаҳои кор бо ҷавонон бо якчанд воҳидҳои корӣ дар сатҳи раёсатҳои донишгоҳҳо ҳамчун пешбарандаи фаъолияти кор бо ҷавонон кори худро ба роҳ мондааст. Ҳарчанд фаъолияти созмонони ҷавонон ҳамчун ташкилотҳои ҷамъиятӣ арзи вуҷуд дошта бошанд ҳам аммо аз дастурамалҳои соҳаи кор бо ҷавонон дур мондаанд. Аз ин лиҳоз, тавсия бояд дод, ки бо таҳия ва тасдиқи низомномаи ягонаи ташкилотҳои ҷамъиятии созмонҳои ҷавонон ба тариқи марказонидашуда фонди махсуси ҷавонон ё бо суратҳисоби алоҳида ба роҳ монда шавад, ки он ба фаъолияти созмонҳои ҷавонон нигаронида шаванд.
Дар ин маврид масъалаи дигари муҳим тарбияи кадрҳои болаёқат мебошад. Созмонҳои ҷавонон бояд омода ва пешниҳодкунандаи кадрҳои ҷавони роҳбарикунандаи болаёқат барои муассисаҳо ва давлату миллат мусоидат намояд. Барои тарбияи кадрҳои ҷавон мо бояд фаъолияти мактабҳои баландбардории такмили ихтисоси кормандони созмонҳои ҷавонон, ташкили мактаби кадрҳои захиравӣ аз ҳисоби онҳо ва ташкили ма[фили доимоамалкунанда шароит фароҳам оварем.
Илми сотсиологияи ҷавонон ҳарчанд аз Ғарб ба Русия интиқол ёфта, дар фурсатҳои кӯтоҳ ташаккул ёфт, аммо дар ҳавзаҳои илмии Тоҷикистон ҳоло ба таври зарурӣ рушд накардааст ва ҳамин омилҳо тақозо доранд, ки тадқиқи ин масъала аз нигоҳи ҷомеашиносӣ дар меҳвари баррасиҳои илмии олимони мо қарор гирад.
Аз ин лиҳоз, барои ин моро зарур аст, ки марказҳои илмӣ ва тадқиқотӣ –сотсиологиро дар сатҳи донишгоҳҳои олии кишвар таъсис дода, бо гузаронидани пурсишҳои афкори умум барои ҳалли муаммоҳои иҷтимоии ҷавонон барнома ва ё нақшаҳои дурнамо таҳрезӣ ва амалӣ намоем. Зеро натиҷаи дурусти фаъолияти марказҳои илмӣ дар ин раванд метавонад таъсири бузурге дар пешрафти ҳаёти ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳим, бартараф кардани нуқсону камбудиҳо, муайян кардани дурнамои фаъолияти ҷавонон саҳм гузорад.
Дигар нуктаи муҳим он аст, ки ба хатарҳо ва таҳдидҳои гуногун насли ҷавон бо сабабҳои субъективӣ наметавонанд ба муқобили онҳо баромад намоянд. Ба андешаи мо пешгирии бисёре аз ин таҳдидҳо қобили таваҷҷeҳ буда, такмил додани сармояи иҷтимоӣ метавонад ба рафъи мушкилоти амнияти ҷомеа ва давлат, яъне амнияти миллӣ мусоидат намояд. Таъмини ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, мероси фарҳангию таърихӣ ва эътимоднокии xомеа яке аз ҳадафҳои асосӣ ва фаъолияти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Масъалаи амният ҳамчун давлат ҳифзи манфиатҳои аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои сиёсат, иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоиро ҳамчун субъекти мустақили низоми муносибатҳои байналмилалӣ, ки ба хатарҳо ва мушкилоти ҷомеаи муосир нигаронида шудаанд, ба назар мегирад, ки ин метавонад якчанд вазифаҳоро дарбар гирад.
Дар навбати аввал, аз ҷомеаи муосир нигоҳ доштани суботи устувор ва мустаҳкамии тамоми системаҳои иҷтимоие, ки инсон роҳбарӣ мекунад, тақозо менамояд. Дуюм, зарурати мавҷудияти таъмини бехатарӣ ва рушди минбаъда, на танҳо дар сатҳи шахс, гурӯҳ ё ҷомеа вуҷуд дошта бошад, балки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷой гирифта бошад.
Имрӯз масоили амниятӣ ҳамчун ҷузъи рушди устувори тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст ва яке азмуҳимтарин унсурҳои таъмин намудани амнияти миллӣ ҷомеа буда метавонад, ки дар ин замина, ба амнияти насли ҷавон таваҷҷeҳи махсус зоҳир намуд. Зеро назар намудан ба ин қишри ҷомеа, минбаъд метавонад ҳамчун сармояи потенсиалии ояндаи ҷомеа хидмат намояд.
Адабиёт:
- Саймумин Ятимов. Илм ва амният // Ҷумҳурият.- 30.05.2017
- Манько Ю. В., Оганян К. М. Социология молодежи: учебное пособие. - СПб.: ИД «Петрополис», 2008. - 316 с.
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2016, №4 “Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2018”
- Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ // http://mmmpn.tj/taj/index.php?modid=60&month=9&option=com_blog_calendar&year=2015
- Опасность онлайн: на какие уловки идёт ИГИЛ, вербуя граждан Таджикистана// http://ru.sputnik- tj.com/analytics/20171211/1024129627/terrorizm-migranty-ekstremizm-tadzhikistan.html