Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ
Чун ҳамасола дар кишвар 1-сентябр Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ бо тантана ва шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуда дарси аввали соли хониш аз дарси сулҳ оғоз мегардад. 1-сентябр дар ҳамаи дабистонҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олии касбӣ Рӯзи дониш таҷлил гардида, бо садои баланди занги аввал соли нави хониши эълон карда мешавад.
Имсол дар тамоми саросари кишвар ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи дониш бо тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва сулҳ оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз суханронии худ тамоми устодон, омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил табрику муборак бод намуданд.
Дар зимни суханронии худ доир ба рӯзи дониш ва сулҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Мо дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана рӯзи донишро бо дарси сулҳ оғоз мекунем, зеро ин ду мафҳум, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд”. Албатта маҳз арзиши сулҳ аст, ки мо ҳамватанон зиндагии орому осоишта умр ба сар мебарем.
Дар суханронии худ Пешваи муаззами миллат таъкид намуданд, ки “Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат, аз ҷумла шумо, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони арҷманд мебошад”. Танҳо сулҳу ваҳдат, чароғест ба сӯи ояндаи дурахшон, ки мо онро чун дастодаврди беназир қадр ва ҳифз намоем. Ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистон бо низоъҳои гуногун ба монанди мухолифоти байни динӣ, сиёсӣ, тероризм экстримизм, радикализм, ки имӯрзҳо якчанд мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст бо дониши қавиву фарҳанги гарон мубориза бурда рӯ ба сӯи оянда дурухон равона бошем.
Алмибаева Н.Б. Омӯзгори кафедраи
нақшакаши геометрияи тасвирӣ
ва МТ