​Изҳороти муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Қодирова Муҳайё Абдуҷабборовна роҷеъ ба “ҳалок гардидани 13 нафар маҳбусон”

Хабари ба ҳалокат расидани 13 нафар зиндониён, ки имрӯзҳо байни мардумсару садоҳои гуногунро ба бор овардааст, моро водор сохт, ки андешаҳои худро иброз дошта бошем. Албатта, масъалаи хеле вазнин аст, зеро 13 модар бефарзанд, 13 оила бесаробон ва 13 нафар падар бе такягоҳу 13 нафар ҷавон туъмаи марг гардиданд. Баъде, ки инсон аз дунё мегузарад, аз ҷониби Парвардигор номаи аъмолаш баркашида мешавад ва тибқи амалҳои ҷориаш ҷазоро сазовор мешавад.

Вале, ҷавонмардоне, ки ба ҳалокат расиданд шояд, тариқи гуноҳҳои содиркардаашон ба чунин марг рӯ ба рӯ шуданд. Ҳамагон медонанд, ки дар маҳбас инсонҳои солимақлу накӯхислат зиндагӣ надоранду барои онҳошиори рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек кайҳост маънояшро гум кардааст.

Баъди марг чи ҳоҷатитаҳқиқу таҳлил кардани сабаби фавт, агар гузаронидани таҳқиқу таҳлил касеро аз нав зинда мекард шояд бузургони илму адабро зинда мекарданд. Бо ин гуфтаҳо захми дили реши модарони ин ҷавононро нохун задани нестам, лекин аз тақдиру қисмат ҷои гурез нест.

Агар ҳамон ҷавонмардон дар роҳ нею дар маҳбас мефавтиданд шояд андешаҳо боз ранги дигар мегирифт. Мегӯянд: "ҳар амалеро сазоеву ҳар гуноҳеро ҷазо"

Ба ҷои сохтани ҳангомаву сафсатаву сиёҳкунӣ барои шод гаштани руҳу арвоҳ сурае аз Қуръони азимушшаън қироат кунеду авфи гуноҳашонро талаб кунед.

Билохир аз Парвардигор талабу умед мекунем, ҷавонони хокшударо ғарқи дарёи раҳматаш гардонаду ба модару пайвандонашон сабри ҷамил ато фармояд.

Аз ҷавононе, ки имрӯз ҳаёти осоиштаро соҳибӣ доранд талаб менамоем, ки аз фурсати ғанимати имрӯзашон самаранок истифода баранд, илму дониш омӯзанд, маърифати сиёсии худро такмил бахшанд.

Аз тақдиру қисмати 13 нафар, ки шояд ба пуррагӣ бо айбу гуноҳи хеш бо марг рӯ ба рӯ шуданд, дарси ибрат гиранд. Ба Модар, Ватан, Замин, Зиндагӣ хиёнат накунанд. Ба ҷони ҷавони хеш аз руйи ҳавову ҳавас ҷабр насозанд ва маргро, ки ҷои гурез надорад мардона пешвоз гиранду баъди марг гунаҳкор наҷӯянд.

Агар онҳо низ зиндагии солимро пешаи худ месохтанду бо амалҳои нек шуғл меварзиданд, имрӯз қатори дигар мардуми сарбаланди тоҷик зиндагӣ намуда, модар, падар, хоҳару бародар, устоду дӯстони худро аз хеш ризо месохтанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ