​Таблиғ ва омӯзиши забони тоҷикӣ

Дар сайтҳову Википедия низ оид ба омўзиши забони тоҷикӣ маводи зиёд ва мухталиф пайдо кардан мумкин аст.

Дар сайтҳои махсус луғату муҳовараҳои мухтасар ва соҳавӣ низ ба табъ мерасанд, ки аз 500 то 2000 вожаю ибора ва таркибҳои серистеъмоли забони тоҷикиро дарбар мегиранд. Мо зиёда аз 30 дарсу суҳбатҳои таълимию тарғибии видеоинтернетиро ба ҳисоб гирифтем, ки дар онҳо таълими забони тоҷикӣ ё тарғибу таассуротидовталабони ин забон сабт гардидаанд.Дар ин маврид бояд бигўем, ки баъзе сабтгарон танҳо забони тоҷикӣ, баъзеи дигар форсӣ- тоҷикӣ ва гуруҳе танҳо форсӣ ёд кардаанд, зеро салиқаи забондониву забоншиносиашон гуногун буда, наворҳо бештар бо дастуру маслиҳати ғайримутахассис таҳия шудааст.

Баҳри фаъолияти мақсаднок ва муташакилона дар бархе аз мамлакати дуру наздик бо ташаббуси фаъолони тоҷикони буранмарзӣ марказҳои фарҳанг ва забони тоҷикӣ ташкил карда шудааст.

Кори бахши тоҷикии Маркази фарҳанг ва забони тоҷикии шаҳри Москва бомуваффақиятпеш меравад.

Дар сомонаҳо хабари дар боғи истироҳати «Музеон»-и шаҳри Москва кушода шудани «Мактаби омўзиши забони муҳоҷирон» ба эълон расид, ки дар онзабонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ ва қазоқӣ ба муҳлати 3 моҳ таълим дода мешавад. Дар таълимгоҳ ҳар навбат аз 15 то 40 нафар хоҳишмандон бо забономўзӣ фаро гирифта мешаванд. Созмондиҳандагон афзуданд, кихоҳишмандони гуруҳи тоҷикӣбештаранд.

Бо ташаббуси мусофирони фаъоли тоҷик дар бисёр шаҳру вилояти Русиямаркази фарҳангу тамаддуни миллии тоҷикон бо номҳои зебову таърихӣ таъсис ёфта, бомуваффақият амал доранд. Баъзеашон ҳатто ҳуқуқи маъмурии бештарро соҳиб шудаанд. Масалан, дар шаҳри Вологда бо сарварии Авзалшо Дороншоев на марказ, балки Мухторияти(Автономияи) маҳаллии миллию фарҳангии тоҷикон «Ватан» таъсис ёфтааст, ки мақсад ва вазифааш дар низомномааш чунин муқаррар карда шудааст: «-амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Вологда, ҳифзи махсусиятҳои мардумӣ, рушди забон, маориф ва маданияти миллӣ тибқи Сарқонун, қонунҳо ва дигар асноди меъёрии Федератсияи Россия, инчунин дар асоси принсипҳову меъёрҳои ҳуқуқи умумии байналмилалӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва озодии инсонушаҳрванд; - мусоидат оид ба татбиқ ва ҳимояи ҳуқуқу озодии конститутсионӣ, ифтихори миллӣ, ҳамкорӣ дар муборизаи зидди нажодпарастӣ, бо тамоми шаклу зуҳуротимиллатгароӣ». Марказу ҷамъиятҳои дигар низ чунин рисолат доранд. Дар тамоми онҳо масъалаи забони модарӣ дар ҷои аввал аст.

Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар 11 донишгоҳи Русия амал менамояд, ки дар ҳамаи онҳо ба масъалаи тарғибу омўзиши забони тоҷикӣ диққати махсус дода мешавад.

Моҳи июли 2015 дар Донишгоҳи омўзгории шаҳри Уфаи Бошқирдистон низ чунин марказ дари худро ба хизмати ҳамватанон боз кард.

Дўстдорони забони тоҷикӣ берун аз кишвари Тоҷикистон на танҳо бо тарҷумаю омўзиши ҳуҷҷату асноди ашхоси алоҳида машғуланд, балки дар марказҳои омўзиши забони тоҷикӣбо тадқиқоти ҷиддии диссертатсиониюмонографӣ низ барои пешрафти забоншиносии миллӣ ва ҷаҳонӣ саҳмгузорӣ менамоянд. Албатта бо тақозои талабот дар кишварҳои дигар омўзиши муқоисавию типологӣ бештар ривоҷ меёбад. Мо ҳолодаҳҳо рисолаҳои номзадиву докторӣ ва монографиро метавонем номбар намоем, ки маҳз ба тадқиқи вижагиҳои гуногуни овоӣ, вожагӣ, сарфию наҳвӣ ва риторикии забони тоҷикӣ оиданд. Табиист, ки тадқиқоти муқоисавӣ бештар дар Русия ба дифоъ расидаанд. Масалан, устодону кормандони Донишгоҳи Қазон дар муқоисаи забонҳои тоторию русию тоҷикӣ рисолаҳои номзадӣ таълиф намудаанд. Яке аз онҳо «Инъикоси антропоцентризмҳо дар фразеологияи забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ» ном дошта,муаллифи он Л. Р. Сакаевазимни ҳалли масъалаи мазкур ҷанбаҳои маъноии воҳидҳои фразеологии забонҳои муқоисашавандаро баррасӣ кардааст. Рисола аз муқаддима, се боб, хулоса ва рўйихати адабиёти истифодашуда иборат аст. Навгонии кори мазкурро муҳаққиқ дар он мебинад, ки бори аввал воҳидҳои фразеологии ифодагари инсон дар забони тоҷикӣ бо воҳидҳои мутаносиби забонҳои англисиву русӣ муқоиса карда мешаванд. Мутассифона дар раванди тадқиқ муодилу муродифи бисёр мисолҳоро муаллиф дар забони тоҷикӣ пайдо карда натавониста, ишора кардааст, ки «дар забони тоҷикӣ нест». Масалан, ҳаттоибораи русии «хитрая как лиса» ҳам ба пиндори муаллиф дар забони тоҷикӣ муодил надорад. Ҳол он ки маънову мазмуни«Онахитраякак лиса»-ро «Ў чун рўбоҳи ҳилагар аст» метавонад пурра ифода намояд. Дар аксари маврид нисбат ба фразеологизмҳои забони тоҷикӣ саҳлангорӣ зоҳир шудааст, зеро муҳаққиқ асосан аз «Русско-таджикский словарь»(1985) истифода бурдааст. Муаллиф мақсад гузоштааст, ки дар ниҳояти кор «Фарҳанги фразеологии забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ» таҳия ва чоп намояд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ