Изҳороти унвонҷўёни кафедраи умимидонишгоҳии фалсафа
Бо баробари аз байн рафтани абарқудраттарин кишвари садаи ХХ - ИҶШС низоми коммунистӣ қудрати сиёсиро аз даст дода, фазои онро мафкура ё идеологияҳои мухталиф ишғол намуданд. 27 соли соҳибистиқлолии мо нишон дод, ки идеологияҳои гуногуни дар фазои Тоҷикистони имрўза баамал омада, аксарияташ мафкураҳои созандаю пешбарандаи ҷамъият мебошанд, лекин дар байни онҳо афкори схоластикӣ ва фундаменталӣмавҷуд аст. Онҳо андешаҳои дигаронро на қабул дораду на далелҳои таҷрибавии илмиро эътироф менамояд.
Дар ҳаёти имрўзаи мо ҳизбу ҳаракатҳо мавҷуд мебошад, ки онҳо ғуломи хоҷаҳои хориҷии бегона аст. Чунин ҳизб ҲНИ мебошад. Онҳо ҳизби таассубӣ буда, ба амнияти кишвар хатар доранд. Зеро, онҳо аз худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ бегонаанд ва бегонапарастӣ, бегонашавиро тарѓиб мекунад, дар оянда онҳо ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро гаравиданаш аз эҳтимол дур нест. Дар тафаккури онон азилму дониш ва фарҳангу маърифат заррае вуҷуд надорад ва онҳо душмани ашаддии “гуфтори нек, пидори нек, рафтори нек” ҳастанд. Воқаҳои рўзҳои охир нишон медиҳад, ки сарвари ин ҳизби мамнуъ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳар восита мехоҳад аз гуфтору кирдори сиёсатмадорони тоҷик айб ҷўяд. Баъди мусоҳибаи хоми Кабирӣ, ки аз сунаронии сиёсатмадорони тоҷик дар Женева ҳарф мезанад ба хулосае расидан мумкин аст, ки ў танҳо худро одилтарин,оқилтарин шахс меҳисобад, валеборе намеандешад, ки ў барои ободии кишвараш ватане, ки ўро хононду хўронду пўшонд чӣ хидмате кардаст? Магар ўба ин савол ҷавоб дода метавонад? Не! Зеро ки ў кори хубе накардааст! Барои амалӣ намудани кори хуб андешаи нек бояд дошт, ки афсўс Кабирӣ аз он фарсахҳо дур асту бо бузургсолшудан ҳеҷ ба он наздиқи надорад.
Дар анҷоми андешаҳои хеш мехоҳем илова намоем, ки сиёсатмадорони тоҷик дар ҳма ҷода муваффақу комёб ҳастанд ва ҳамаи “имтиҳонҳо”-еро, ки мухолифин эҷод мекунанд сарбаландона посух мегўянд!