​Сабабҳои имконпазири кандашавии кӯли Сарез

Дар кафедраи мудофиаи гражданӣ факултети тарбияи ҷисмонӣ ба муносибати конфронси илмии дониҷӯён бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

Маърузаҳо фарогири мавзӯъҳои “Маълумоти умумӣ дар бораи моддаҳои заҳрнок сахттаъсир”, “Усулҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ”, “Ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираи оби ширин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Таъсири моддаҳои кимиёвӣ бо саломатии инсон” ва “Сабабҳои имконпазири кандашавии кӯли Сарез” буда, баромадкунандагон ҷанбаҳои мубрамтарини масоили маърузаашонро баррасӣ намуданд.

Дар натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамон Г. Музаффарзода, донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик бо маърузаи “Сабабҳои имконпазири кандашавии кӯли Сарез” беҳтарин дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ