Муроҷиат ба Мирзои Салимпур!
Истиқлолият ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибватан аст.
Имрӯз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурӯҳҳо рӯ ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Валемутаассифона дар байни фарзандони миллати тоҷик нафаронеро вомехӯрем, ки баъзан аз чунин инсонҳоро ҳамватан номидан шарм мекунем.
Имрӯз ба истиқлолияти комил соҳиб шудаем, онро бояд ҳифз намоем, пуштибонӣ кунем,тақвият бахшем ва ҳамчун арзиши олӣ ва муқаддастарини давлатӣ дарк намуда, пос дорем. На аз паси парда сухан гуфтаву, мақомотҳои давлатиро гунаҳкор кардаву, “аз зери нохун чирк кофта”, ба сулҳу оромии Ватани маҳбубамон хавф биёрем. Аз таърих медонем халқҳое ҳастанд, ки солҳои тулонӣ соҳиби давлати мустақили худ нагардидаанд. Вале имрӯз чаро ҳамватанони мо ба қадри истиқлолияту озодии Ватани хешнемерасанд? Ва ё қасдан кӯшиш мекунанд, ки оромиро халалдор созанд. Ба монанди Мирзои Салимпур!Агар дар асл ӯ нисбати миллату давлати хеш холисона амал кунад пас чаро ин қадар ба майдони мубориза баромадааст.
Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ба Мирзои Салимпур муроҷиат карданиям, ки агар дар ҳақиқат на ба миллат, на ба давлат хиёнате накарда бошад ва душмани Тоҷикистон набошад, пас бигзор аз майдони мубориза берун равад.
Дилрухсор Фармонова, дотсент