Саммит
Санаи 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналамилалии нозир, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик — Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба ҳам омаданд
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) – ин анҷумани байналмилалии муттаҳидкунандаи давлатҳои қитъаи Осиё аст, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкориҳо барои таъмини амнияту субот дар Осиё мебошад дар кишвари мо дар сатҳи баланд баргузор гардид. Натиҷагирӣ аз баргузории Саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бори дигар сакрҷамъии мардуми тоҷик, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи сохтору мақомоти онро исбот намуд.Зеро барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва дар муҳити ободу ором гузаронидани чорабинии зикршудаи байналмилалӣ саҳми тамоми мардуми кишвар буда, якдилӣ, рафоқат, дӯстӣ, меҳмоннавозии халқ ва роҳбарияти онро нишод дод.