Изҳорот ба амалҳои хиёнаткоронаи созмонҳои ғайридавлатӣ
Солҳои охир хоҷаҳои исломии навбаромади кишварҳои нимҷазираи Арабистон (хилофатпараст) диққати тамоми мамлакатҳои оламро ба худ ҷалб намудааст. Намояндагони зархарид ҷавононро, гўё ба ҳимояти ислом ва ташкил кардани хилофати ягонаи мусулмонӣ даъват карда истодаанд. Ташкил кардани чунин хилофатро, ки дар сиёсати имрўзаи исломиашон бо номи ДИИШ муаррифӣ мекунанд ва асосаш қатлу куштори ваҳшиёнаи кўдакону занон, ҷавонону пиронсолон мебошад бо роҳи зўроварӣ ва даҳшатфиканӣ амалӣ карданианд. Мутаассифона, нафарони манфиатдор ҳам ҳастанд, ки дар зери ниқоби ислом ҳизбу гуруҳу созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис додаву, пайваста ҷавононро дар зери ниқоби дини мубини ислом дар рўҳияи террористиву ифротгароӣ омода намуда, озими давлатҳои ҷангзада кардаанд.
Яке аз чунин чеҳраҳои манфури мухолифи Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон Гадоев Шарофиддин мебошад, ки имрўз овозаҳое дар атрофи номи ў дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ва садову симои дунё ба гўш мерасад. Гадоев Ш.М. аз соли 2012 дар кофтуков қарор дошт. Шарофиддин Гадоев узви «Гурӯҳи 24» буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва сарвари давлатамон интиқод мекард. Мутаассифона, ин гуна кўрнамакон пешравиву шукуфоии Тоҷикистони азизро дида наметавонанд ва манфиати шахсиашонро аз манфиати ҷомеаву давлат боло мегузоранд. Онҳо хоинони Ватан ҳастанд. Мардуми гумроҳ бошанд ба дуруғу тўҳматҳои онҳо бовар ҳам мекунанд. Вале ҳар фарди ба нангу номус бояд аз ояндаи наслҳои баъдӣ андеша намояд. Мо масъул ҳастем, ки барои наслҳои оянда ҳамин якпорчагии ватанамон, пойдории давлатамон ва бақои миллатамонро мерос гузорем. Ин сулҳу оромӣ ва зиндагии осоиштаву пурғановати имрўза ба осонӣ ба даст наомадааст.
Шарофиддин Гадоев барин аъзоёни гурўҳҳои ифротгару ҷудоихоҳ байни мардуми мо, алалхусус ҷавонон андешаҳои нопоки худро паҳн кардан мехоҳанд, то ки онҳоро гумроҳ сохта, бо ин роҳ оромӣ ва сулҳу ваҳдати мардуми шарафманди Тоҷикистонро халалдор созанд, вале мо хатогиҳои дар саҳифаи таърих навишташударо такрор нахоҳем кард.
Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
таърихи халқи тоҷик Фармонова Д.Ҷ.