​Ҳамовозӣ ба пешниҳоди маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи хондани суруди миллӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Рамзҳои давлатӣ ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошанд».

Тоҷикистони соҳибистиқлол чун дигар давлатҳои ҷаҳон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, забони давлатӣ, асъори миллӣ ва Артиши пуриқтидори худ мебошад, ки мо ҳамчун омӯзгор ҳамарӯза дар машғулиятҳо ин нуктаро таъкид ва баррасӣ менамоем. Чун сухан дар бораи рамзҳои давлатӣ меравад, қайд кардан зарур аст, ки Суруди миллии мо ҳамчун рамзи давлатдорӣ дар қалби ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ маъво гирифтааст ва ҳар гоҳе ки садо медиҳад, беихтиёр ҳар як шахс аз тоҷик будани худ ифтихор мекунад. Суруди миллӣ бо қалами шоир Гулназар Келдӣ иншо шуда, ба он оҳангсози машҳур Сулаймон Юдаков оҳанг бастааст, ки ин ҳар ду бо ҳам хеле тавъманданд. Суруди миллӣ ҳангоми истиқболи меҳмонони олиқадр ба кишвари мо ва ҳангоми сафарҳои кории Пешвои миллат ба дигар давлатҳо аз тарафи истиқболгирандагон садо медиҳад.

Дар бораи рамзу ҷашнҳои таърихӣ ва санаҳои махсус ба хонанадагон маълумот додан ва ба таҷлилу баргузории онҳо омода намудани шогирдон аз вазифаҳои муҳими омӯзгор мебошад.
Бинобар ин ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки дар ниҳоди шогирдон ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳангии ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрӯзаи миллатро парварад.

Суруди миллӣ ба дили кас қувват мебахшад. Мисли садои булбули хушилҳон дар тамоми фазои Ватан танинандоз гардида, фаро расидани субҳи содиқи Ватанро ба ҳар як соҳибватан табрик менамояд.

Суруди миллӣ тилисмест дар шахс, тилисмест, ки онро аз ҳар гуна офатҳо нигаҳ медорад, ба тани беҷони ў ҷон мебахшад, тамоми қувваи бозуи ўро ҷамъ меоварад. Бо шунидани суруди миллӣ шахс тамоми қувваи бозуи худро ҷамъ меорад, ба пеш мехазад, ҳаркат мекунад то Ватани худро наҷот бахшад. Наҷот бахшад аз тохту тозҳо, наҷот бахшад аз фаноёбӣ, наҷот бахшад аз беҳудагўиҳо. Исбот мекунад, ки Ватани ў дигар аст, зодгоҳи пешравиҳост, зодгоҳи тамаддунҳост, сарчашмаи сулҳу тифоқ, амнияту ҳамкорист. Аз Ватани ў оғоз мегардад сарчашмаи меҳру муҳаббат, адолату шафқат, дўстиву меҳрубониҳо. Ободиҳо, тараққиёти илму техника, ҳамдигарфаҳмиҳо.

Суруди миллӣ мисли дили оташфишони Данкост. Дили шаби торро шикофта ба сўи умеду орзуҳо, ба сўи ояндаи нек, ба сўи сулҳу субот, оромиву осудагӣ роҳ мекушояд, одамонро аз паси худ мебарад, дар гирду атрофи худ муттаҳид месозад, аз як гиребон сар мебарорад, қувваи бузурги созандаву ободкорро тавлид мекунад, иншоотҳои бузурги аср – нерўгоҳи обиву барқии Роғун, Сангтўда, нақби Анзобу Шаҳристон, Шаршару Чормағзак, Роҳи абрешиму Душанбе – Бўстон – Чанокро буньёд менамояд.

Маорифчиёни Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтаанд, ки пеш аз оѓози дарс – таълиму тадрис ҳамагон якҷоя дар нази муассисаҳояшон Суруди миллиро сароянд ва баъдан ба машѓулият оғоз намоянд. Албатта, ин иқдом саривақт иҷро хоҳад шуд ва боиси дастгирӣ аст. Барои баланд бардоштани тафаккури зеҳнӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва дигар ҷанбаҳои дорои тарбияи миллидошта ҳидоят менамояд. Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам, хусусан дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ омадааст, ки Суруди миллӣ дар назди муассисаҳои давлатӣ бо матн ва оҳанг сароида шавад.

Суруди миллии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки хондану азёд донистани он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар тарбия намудани насли наврас, донистан ва аз ёд намудани он худшиносиву худогоҳии миллӣ, муҳаббат ба модар-ватанро тарбия менамояд.

Кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ