Нохалафҳо Аҳриманпарвардагонанд (Интиқоди фаъолияти ватанфурӯшии аъзоёни ТЭТ ҲНИ)
Истиқрори сулҳу ваҳдат дар ватани азизи мо - Тоҷикистон маънии онро надорад, ки ҳар ҷинояти дигарро нодида гирифта, алайҳи ҷинояткор парвандаи ҷиноӣ боз нагардад. Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро он нохалафоне, ки ба қадри сулҳу оштӣ нарасиданд, дубора даст ба нооромии кишвар ва инҳирофи ҷомеа заданд? Магар ин ҷиноятҳо бояд бидуни муҷозот афв гардад ва барои пешгирии дубора ноором гаштани вазъи ҷомеаи кишвар ҳеҷ гуна чораҷӯӣ нашавад?
Он чӣ гузашт, агарчи гузаштаи начандон дури таърих буд, аммо дарси ибрат барои мо тоҷикон бояд бошад. Бо ибораи мардумӣ “Кӯр асояшро як бор гум мекунад”. Ҷои ин ҳама изҳороти беҳуда ва ношукрӣ бояд шукри ободии Тоҷикистони азиз ваосудагии рӯзгори мардумро кунем ва бо андозаи зӯру тавони хеш дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон камари ҳиммат бубандем. Чунон бояд рафтор кард, ки имрӯз низ ҷомеаи ҷаҳон тоҷиконро чун меросбарони тамаддуни ҷаҳонофар дигарбора эътироф намояд ва чун ҷузъи ногусастании ҷомеаи ҷаҳонӣ арҷ гузорад.
Ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солхои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиходи Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумхурии Тоҷикистон кудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекори, паст шудани сатхи зиндагии ахоли, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию чамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз чониби фишангхои хокимияти ичроия ва давлати гайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зухуроти тахдид ва зўровари дар чамъият ба худ рох кушояд.
Аз ин холат намояндагони ташкилотхои террористию экстремисти аз чумла аъзоёни ТЭТ ХНИ истифода намуда, ба гасби хокимияти давлати дар Чумхурии Точикистон шурўъ намуданд. Онхо, пеш аз хама, ба торхои эхсоси мазхабию дини нохун зада, ахолиро ба масчидхо ва тавассути онхо ба фикри амали намудани максаду мароми худ чалб менамуданд. Барои онхо барои ноил шудан ба хадафхои нопоки худ аз хар гунна воситахо истифода мебурданд. Дар хамон вакт низ барои ба як самти барои худ дилхох равона намудан мардуми баору номуси миллати точик душвор буд ва барои ин маблагхои калонро бо датгирии «дустони хоричиашон» амали менамуданд. Аз ин лихоз муассисони чанде аз хизбу харакатхои навтасъсиси хамонвакта бо бахонаи хифз кардани дин ва ахли такво ба баъзе аз ташкилоту созмонхои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз чумла давлатхои исломи мурочиат менамуданд.
Дар чунин вазъият давлатхои исломии ба мо «дусту бародар» ин равандро истифода бурда, бо тези ва максаднок онхоро маблаггузори мекарданд. Аз тарафи дигар, вучуд надоштани назорати катъи, бемасъулияти дар кисмхои харбие, ки аз собик Иттиходи Шўрави дар каламрави Точикистон боки монда буданд, ба он оварда расонид, ки онхо ба фурўхтани яроку аслиха ба гурўххои гуногун ва созгор кардани мухимоти чанги огоз намуданд. Бар замми ин, сархади давлатии Чумхурии Точикистон бо Чумхурии исломии Афuонистон бе назорати катъи монд, ки дар худуди он гурўххои зиёди террористи арзи вучуд мекарданд.
Хамаи инхо ба он оварда расониданд, ки дар чумхури яку якбора гурўххои террористи ва экстремистии ярокнок пайдо шуда, бо максади гасб намудани хокимияти давлати ва дигар кардани сохти давлатдори фаъолияти худро огоз намоянд. Сипас дар мамлакат чи гуна вазъият ба амал омад, рафти вокеаву ходисахои чанги бародаркуши дохили чи тавр сурат пазируфт, хамчунин халки табиатан хирадпеша ва сулхпарвари точик чи гуна пеши оташи хонумонсўзи чангро гирифт, барои аксари мардуми мо маълум аст, ки дар ин масъала макоми Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои муаззами миллати точик, Президенти кишвар Эмомали Рахмонро махсус ёдовари кардан ва арч гузоштан ба чунин хизматхоро бояд таърих ва кулли шахрвандони точикистон новобаста аз чинс, нажод ва миллат аз хотир набарорад. Аммо гурўххои манфиатхохи экстремисти ба максадхои нихоии худ нарасида, ба Чумхурии исломии Афгонистон фирор карданд ва бо кўмаку дастгирии намояндагони ташкилотхои террористии байналхалки дар нимаи аввали солхои 90-уми асри гузашта силсилаи амалхои террористиро дар Чумхурии Точикистон амали гардонданд. Аз чумла, бо максади ноором сохтани вазъияти сиёсию ичтимои ва заиф намудани мавкеи хокимияти давлати, хадафхои асосии фаъолияти тахрибкории онхо террори рохбарони чумхури, вакилони Мачлиси Оли, рохбарони вазоратхо ва кумитахои давлати, намояндагони хизбхо ва чамъиятхо, корхонахои дорои ахамияти мухими иктисоди дошта ва намояндагони ташкилотхои байналхалки карор гирифтанд.
Бо ин максад ба чумхури гурўххои хурди террористи равона карда мешуданд. Аз тарафи ин гурўххо амалхои террористи нисбати собик Прокурори генералии Чумхурии Точикистон Хувайдуллоев Н., собик Раиси нохияи Гарм Музаффаров Б., собик депутати Мачлиси Оли А.Неъматов, собик ректори Донишгохи тиббии Точикистон Юсуф Исхоки, муовини ў Минхоч Гуломов, собик аъзоёни Коммисияи оштии милли О. Латифи, собик раиси кумитаи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон С. Кенчаев, собик мушовири Президенти Чумхурии Точикистон Юлдошев К., собик раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон С. Рахимов, куштори намояндагони Созмони Милали Муттахид ва дигар амалхои террористи содир карда шуданд.
Ин буд, ки ба хотири решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумхурии Точикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» кабул карда шуд. Аммо бо ин ҳама ҷинояткорони нохалаф фаъолияти худро дар ниқоби дигар идома медоданд.Тахлилхо нишон медиханд, ки терроризм бевосита ба амнияти Точикистон ва дар мачмўъ Осиёи Маркази тахдид мекард.
Натиҷаҳои нохалафиву ватанфӯшии аъзоёни ТЭТ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем ва ватанро ба дасти нерӯҳои бадкор биспорем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем.
Бо ёди Ватан будану дар оғӯши Ватан зистан саодат аст, аммо бо ҷурми хиёнат ба миллату Ватан дар кишвари бегона паноҳ ҷустан бадбахтии маҳз хоҳад буд. Имрӯз, ки М. Кабирӣпас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви ТЭТ ҲНИ маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб вағаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист? Не, ҳаргиз не! Ин тоифа хоинони Ватан ҳастанд. Хоини Ватан малъун аст ва заррае имон дар бадан надорад. Зеро ҳар як мусалмон хуб медонад, ки дӯст доштани ВАТАН аз имон аст!
Имрӯз ҳам ин дастаи нохалаф ва нотавонбин, ки худ дар ҳаққи Ватан ҷиноят содир намуда, ҳазорон ҳамватанонро гумроҳ, аз хонаву дар муҳоҷир, сарсону саргардон намуданд, ҳатто дар хориҷи кишвар низ ором надоранд. Бо ҳар роҳу восита фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор месозанд, пешрафти Тоҷикистонро ба таъбири мардумӣ “чашми дидан надоранд”.
Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост ва аз ҷониби дигар фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, моро ин нукта муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем, ҳаргиз нагузорем, ки ба фазои осудаи Тоҷикистони соҳибситиқлол, ба мардуми шарифи он, ба арзишҳои миллии мо газанде бирасад. Пос доштани Ватан, онро аз дасти ватанфурӯшон эмин нигоҳ доштан қарзи муқаддаси шаҳрвандии мост.
Муаллими кафедраи фарҳангшиносӣ Қорихонов С. О.