Интиқоди фаъолияти ватанфурӯшии аъзоёни ТЭТ ҲНИ
Чанд соли охир бо васитаҳои шабакаҳои интернетӣ ҳаргуна фикру ақидаҳои гуногуни аъзёони ТЭТ ҲНИба назар мерасад, ки баъзе гумроҳшудагон ин ташкиролотро то ҳол пуштибонї мекунанад. Вале онҳо ин қадар бемағз шудаанд, ки фикру андешаҳои он бадхоҳону миллатифурӯшон байни мардум тафиқа андохта наметавонанд.
Чи хуб шуд ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро дар Ҷумҳурӣ қатъ намуданд. Зеро онҳо бори дигар мехостанд бо ҳамроҳии хоҷагони худ сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарнагун намуда, мақсадҳои нопоки худро амалї гардонанд.
Таърих худ гувоҳи ҳама гуна зуҳурот ва ҷараёнҳои иҷтимоиву сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ, инчуни шикастурехти ҷомеа мебошад. Мо ба охирҳои асри гузашта рӯ ба таърих меорем, ки дар ин давра дар Тоҷикистон хеле давраи бесарусомониҳо бо ташабусу кӯшишҳои аъзоён ва ташкилкунандагои ТЭТ ҲНИ ба миён омад. Онҳо аз вазъи ҳассоси сиёсати он вақта истифода намуда, мардумро ба гирдиҳамоӣ роҳсипор намуда, ҳар гуна фикрҳои хоиноноро паҳн намуданд ва дар охир мардумро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Ин хиёнаткорони аъзои ТЭТ ҲНИ Ватарро ба бегонагон фурӯхтанд ба миллати худ нанг оварданд.
Миллати тоҷик имрӯз ҳодисаҳову хунрезиҳои солҳои навадуми қарни бистро хуб дарк намуд. Вале ин рафтори онҳо таъсири бади равонӣ ҷисмӣ ба мардум расонид, ки боиси бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмӯъ, хурофоту таассуби шадид гардид. Ин рафтори миллатфурӯшӣ ва беобрӯӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст, ки ҳазорон ҳазор нафарро ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир намуданд. Ҳамаи ин аз касофативу касифии аъзони ТЭТ ҲНИ дар вуқӯъ пайваст, маҳз сабагори ососии ин иллатҳо аъзоёни ин ташкилот буданд, ки ба ҷисми миллат корд зада захмин намуданд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин хиёнату ватанфурӯшии ТЭТ ҲНИ нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ соли 1997 онҳоро бахшиданд то ки миллат саръљам гардаду хуни ҳазорон шаҳрвандон аз резиш бозмонад ва мардуми шарифи тоҷик озодани зиндагӣ намояд. Дар ин ҷо мавриди зикр аст, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТЭТ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки бо номи ислом озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард. Вале инҳо ба қадри ин сулҳу суботи миллат нарисиданд ва дубора ба фурухтани ватан ватанро ба хоҷагони худ сар карданд.
Аъзоён ва гумроҳшудагони ТЭТ ҲНИ аз рӯзҳои нахустин ташкилёбиаш душманиву ватанфурӯширо сар карда буданд ва то кунун душмани халқу миллит, душмани ваҳдату амният ва душмани фазои орому осудагии халқи тоҷик мебошад. Ин ташкилот саросар характери террористӣ ва ватанфурӯшии худро нишон дод.Мардуми шарифи Тоҷикистон фикру ақидаи ифротиву хиёткоронаиТЭТ ҲНИ ба хуби дарк намуд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки газанде аз онҳо ба Ватан расад.
Изҳороти омўзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа