​Паймони ватанфурӯшони беватан?!!

Дар замири инсон фикрҳои неку бад ҷой мегиранд, ки бештар ба сатҳи фарҳанги оилавӣ ва зотӣ алоқаманд ва вобаста мебошад. Ҳарзагӯиҳои хоинонаи аъзои ба ном Паймони Миллии Тоҷикистонро, ки дар маконҳои бегона маскун гирифта ба сӯи ватани аҷдодиашон сангпартоӣ мекунанд, ба монанди Алим Шерзамонов, Сайидйунуси Истаравшанӣ ва дигарон шунидаю хонда кас ангушти ҳайрат мегазад. Хусусан, шиносоӣ бо мусоҳибаи “Тасним” бо Алим Шерзамонов, ки худро муовини Паймони Миллии Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, ҳар фарди соҳибвиҷдони ватандӯстро наметавонад дар канор гузорад. Зеро, ин нобакорон нисбати ошӯби рухдода дар маҳбасхонаи “Кирпичний” – и шаҳри Ваҳдат фикру андешаҳои нохалафона баён кардаанд, ки аз дилсиёҳӣ ва хиёнат ба ватани аслӣ гувоҳӣ медиҳад. Куштори наҳзатиёнро ба мақомотҳои давлатӣ мансуб дониста ҳамдастии ононро ба ДИИШ инкор мекунад. Ҳол он, ки онон ҳамеша як мақсаду як амал доштанд, ки иборат аз нооромии кишвари Тоҷикистон ва ғасби ҳокимияти қонунӣ мебошад. Ибрози андешаи Алим Шерзамонов дар ин бобат, ки “Паймони Миллӣ аз рӯи таъсисаш саъй карда ва идома хоҳад дод, ки ниҳодҳои байналмилалиро ба ин бовар бирасонад, ки дар Тоҷикистон ҷиноятҳои зиддибашарӣ густариш меёбанд ва ҷомеаи байнилмилалӣ боядба ин ҷиноят вокуниш нишон диҳад ва муваффақ ҳам шуд” аз мавқеи хиёнатпеша ва ватанфурӯшии ин нобакорони ватангадо дарак медиҳад. Ҳайрон мешавед, ки нафаре, ки бо оби поку нони ҳалоли волидайн дар оғӯши табиати зебои Тоҷикистон ба камол расидааст, чӣ тавр метавонад чунин ҳарзаро баён созад?. Эҳтимол меравад, ки ё онон бо ризқу рӯзии ҳаром ба воя расидаанд ё худ ҳаромзодаанд?. Зеро, нафари солиму содиқ наметавонад ба ҷониби замини аҷдодӣ санге ё маломате равона созад ва ин барои ӯ бадтарин ҷазоест дар ин олами ҳастӣ. Хусусан, андешаи ин нохалафон ва таассуфи онон ҷиҳати он, ки “Тоҷикистон давлате нест, ки ҷомеаи Ғарб ба он зиёд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ва дар аксари маворид ҳатто бисёре аз вуҷуди чунин давлате баъди ошноӣ бо мухолифини тоҷик ошно мешаванд. Бале, хуб мебуд аз тариқи аҳрумҳои байналмилалӣ то ҳадде ба режимҳои худкома фишор оварда шавад, вале ин ниҳодҳои байналмилалӣ наметавонанд бо ҷои худи ин миллатҳо биёянд ва онҳоро аз чанги ин заҳхокҳои асри 21 бираҳонанд”.Баёни ин фикри носолим гувоҳ аз он аст, ки ин нафарони нобакор аллакай мафкураашон аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ заҳролуд шудаасту ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ онҳоро тарк гуфтааст. Агар инсон дар олами ҳастӣ натавонад ба касе некӣ карда бошад, мебоист ақаллан ба дигаре бадӣ накунад ва санги маломат ҳаво надиҳад. Вагарна, ин нафар дар ҷомеа бадному шармсор мегардад. Барои мо нофаҳмост, ки фард чӣ тавр метавон танҳо дар фикри худ бошаду ҳатто дар бораи авлоду аҷдод, хешу ақрабои худ андеша накунад. Чунки, ин нохалафон дар макони бегона зери тазъиқи хоҷагони хориҷӣ ба онҳо имону виҷдони худро фурӯхтаанд ва ҳиссиётҳои олии инсонӣ ба монанди хештаншиносию худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат ба аҷдод ва ғайра аз мафкураи онон кайҳо берун рафтааст.

Дар ин ҷода мехоҳам боз як андешаеро баён намоям, ки виҷдони манро ором намегузорад. Ҳангоме, ки дар расонаҳои хабари эрод ё суханҳои нораворо нисбати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехонам манро ғазаби зиёд фаро мегирад. Барои он, ки фард нисбати ё ин ё он роҳбари давлат сухан гӯяд, мебояд пеш аз он аз дар мансаби давлатдорӣ таҷриба дошта бошад. Вагарна, шахси бетаҷрибаю чаласавод наметавонад ба инсони саводноки таҷрибадор баҳо диҳаду ин баҳояш адолатона бошад. Аз ин лиҳоз, ба ватанфурӯшони ватангадо, ки бо номи “Паймони Миллии Тоҷикистон” машҳуранд муроҷиат менамоям, ки нисбати шахсиятҳои бузург аз андешаҳои номардона худдорӣ намоянд, дар акси ҳол онҳоро ҷазои сазовор барои ин гуноҳи нобахшиданӣ аз ҷониби Парвардигор интизор аст.

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ