Идомаи ҳаракати босмачигарӣ
Вақтҳои охир дар ҷомеаи мо зуҳуроте ба чашм мерасанд, ки бозтоби талошҳои пардапўшонаи баъзе нерўҳои дохилӣ ва хориҷие ҳастанд, ки такрори воқеаҳои зуҳури ҳаракати босмачигариро хоҳонанд. Яке аз чунин падидаҳои номатлуб таҳрифи таърих дар шинохти ҳаракати босмачигарист. Чандин сол аст, ки дар кишвари мо баъзе афрод ва ниҳодҳо бар хилофи манфиатҳои кунунии миллӣ ба таблиғи босмачиён ва босмачигарӣ машғуланд. Баъзе афрод, махсусан афроде, ки огоҳона аз мавқеи босмачиён ҳимоят кардаву онҳоро дар назари омма ҳамчун қаҳрамонони миллӣ нишон додан мехоҳанд, ё ғофилу гумроҳанд, ки нохудогоҳ воқеиятро таҳриф мекунанд ва ё хоинони миллатанд, ки огоҳона фазои фикрии моро тира кардан мехоҳанд.
Ҳизби террористӣ ва саркардаҳову мубаллиғони ватанфурўшу ифротии он ба ҳаводорон ва ҳомиёни босмачигарӣ табдил ёфтаанд. Ин мубаллиғон ба таври ошкоро бидуни тааммул ва хиҷолат босмачиҳоро ҳамчун муборизони роҳи озодии Ватан, улгу ва намунаи ибрат муаррифӣ карда, ба марҷаи тақлиду пайравии ҷавонони имрўзи Тоҷикистон табдил додан мехоҳанд. Ин ҳаракати иртиҷоӣ, ки аз дин ва боварҳои диниву мазҳабии мардум ҳамчун абзор истифода мекард, аз рўи моҳияти худ ҳамчунин харакати зиддидунявӣ низ буд.
Айни замон агар террористон ба мубаллиғони босмачиён табдил ёфтаанд, ин бесабаб нест. Ҳизби мамнўъ, яъне харакати террористонаи мазҳабгароёнаи радикалӣ дар охири садаи гузашта, идомаи мантиқии ҳаракати босмачигарӣ аст. Бидуни шубҳа яке аз мақсадҳои ниҳоят хатарноки аслии он мубаллиғоне, ки босмачиёнро ба ҳайси қаҳрамон таблиғ мекунанд, он аст, ки заминаи ҳамчун қаҳрамон эътироф шудани идомадиҳандагони кори онҳо, яъне сабабгорону гунаҳкорони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дар зеҳни аҳли ҷомеа матраҳ ва ҳамвор кунанд.
Манонова М. – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат