Изҳорот

Тӯли чанд солҳо дар Тоҷикистони азизамон ҲНИ гӯё фаъолият мебурд,ки ин ҳизб ба насли ҷавонону мафкураи мардум зарари маънавӣ расонд. Аъзоёни ин гурӯҳи ифротгарову иғвогар худро фидоиёни диннӣ ислом нишон дода,ҳол он ки ин ҳизб бо диннӣ ислом бегона аст. Барои ба мақсади асосии худ расидан ин ҳам иғвогарӣ,тафриқаандозӣ онҳо динро истифода мебурданд.Бо роҳи фиреб ҷавононро шомили ин ҳизб намуда онҳоро аввал “таълим” дода баъд ба давлатҳои исломӣ ҳамчун терорист барои иҷро кардани нақшаҳои разилонаву ғайри қонунӣ ва ғайри инсонии худашон мефиристодан. Он ҷавонҳои дар ҳаёт роҳгумзада ба ҷони худ ҷабр карда аз баҳри Ватан, модар, оила ва фарзандони худ мегузаштанд.

Осмони софу, ин Тоҷикистони соҳибистиқлоле, ки имрӯз мо дорем ба осони нашудааст. Ҳамаи ин бо ташаббуси Пешвои Миллатамон Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуда истодааст. Тоҷикистон Ватани азизамон рӯз то рӯз гул гул шукуфта истодааст.

Имрӯз вазифаи ҷонии ҳар якфарди тоҷик аст ки ин Истиқлолияти Миллӣ ва Ваҳдати Миллии худро пос дошта онро ба насли ояндаи ҷавонон низ расонем. Ҳаргиз бетараф набошем!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ