Иди Дониш ва дарси Сулҳ бо Пешваи Миллат
Масъалаи муҳиме, ки дар Суханронии Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ, зикр гардид, ин фахри ҳар як сокини кишварамон арзёби гардид.
Пешрафти соҳаи илму маориф, ки самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ мебошад ва барои такмили кадрҳои педагогӣ, ҳунармандон, рассомон, меъморон, эҷодкорон, ки барои тарбияи насли наврас зарур аст баррасӣ гардид. Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад. Аз ҷумла, барои рушди илмҳои техникаву табиатшиносӣ аҳамияти хоса дода, доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, яъне дар низоми таҳсил ҷорӣ намудани шабакаи интернет, ба роҳ мондани самаранокии фаъолиятиомӯзгорон ва такмил додани малакаи фаъолияти педагог ва истеҳсолиионҳо аз тарафи Ҳукумат чораҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст.
Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос бозомӯз ва мустаҳкамуэҷодкорона дар фаъолияти педагогии таълиму тарбия-ро ба роҳ монда шавад ва бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад, инчунин бештар фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ монда барои саноати кунониданикорхонаҳои муштарак васеъ ба кор монда шавад.
Таваҷҷуҳ ба дастгирӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз ҳамчун яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат маҳсуб ёфта, ин тадбири муҳим ба таҳкими фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантону доктарантон, саҳми беандоза дошта, онҳоро дар пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мусоидат намудааст ва дар ин радиф Сарвари давлатамон дар суханронии худ чунин зикр намудаанд, ки “Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё намоем», бовари дорем, ки ҷавонон ояндаи миллатанд ва Тоҷикистони офтобрӯйро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣнамоянд.
Ҳамин тариқ мо омӯзгорон, ҳунармандон, эҷодкорон, меъморон, кишоварзон ҷавобанбадаврони истиқлол кӯшиш ба харҷ дода, дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи тарбияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамари корию эҷодии худро бо сатҳи баланд гузошта ҳарчи беҳтар барои хизмати халқу Ватани хеш саҳми арзанда гузошта фаъолияти меҳнатиро ба роҳ монем.
Мо бо Шумоем, Пешвои Миллат!