​Изҳороти муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат Маннонова М

Ҳар як ақли солим худ дар замони муосир аз рӯи ҳақиқат хуллосабарорӣ намуда метавонад, ки дар пушти ҳизбу ҳаракатҳои гуногун манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ мавҷуд аст.

Бархӯрдҳои сиёсии замони муосир рӯз ба рӯз вазъи мамлакатҳои Ховари Миёнаро нооромтар сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст. Дар ин гуна шароит аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина неруманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Торномаи иттилооти “Ахбор”, кидар фазои интернетӣ зиёда аз 1 сол боз гардиш мекунад бо иғвоҳои Мирзои Салимпур ва матлабҳои бадномкунанда мавод нашр мекунад. Ин сомона ҳамарўза аз дасиса ва муаррифии ташкилотҳои террористие, кидар кишвари мо мамнўъмебошад матлабҳои гуногун нашр менамояд. Ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар аз ин бозиҳои сардабири торномаи «Ахбор» дар ҳайрат намемонанд. Ин сомона ба ном ахбор, ки ба миллати тоҷик ягон иртиботи мафкуравӣ надорад, аз оғози фаъолияти хеш бо чунин найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ мехоҳад мо ва миллати моро ба вартаи нобудӣ барад. Дар аксар дассисаҳои ин сомона маводе ба мушоҳида мерасад, ки муаллифони он аз нафароне маҳсуб меёбанд, ки барои пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Маълум аст, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун Мирзои Салимпур мехоҳанд бо нашри матлабҳои гуногун кишвари моро зери таҳдид қарор диҳанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ