​Факултети математика: Маҷлиси навбатӣ бо волидайни донишҷӯён

Санаи 20-уми феврали 2019 бо иштироки волидайни донишҷӯёни курси якум, мудири шуъбаи тарбия Бахтиёр Шомирзоев, мутахассиси шуъбаи кор бо 0ҷавонони донишгоҳ Иззатулло Иброҳимов, декан ва муовинони декан ва кураторони курсҳои якуми факултети математика вохурӣ гузаронида шуд.

Схани ифтитоҳиро декани факултет Қулихон Бобохонов оғоз намуда, ҳозиринро бо иди Артиши миллӣ табрик намуд ва оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2018 доир шуда буд, суханронӣ намуд.

Мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Иброҳимов Иззатулло ба сухан баромада, оид ба ҷамъиятҳои тарғиботии ҷавонони донишгоҳ маълумот дод. Мавсуф иброз дошт, ки дар донишгоҳ барои ҷавонон бисёр имкониятҳои хуб мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар назди шуъбаи тарбия маҳфили “Андеша”, “Нерўи сухан”, дар хобгоҳҳо маҳфили “Сеҳри сўзан”, якчанд маҳфилҳои забономўзи фаъолият доранд, донишҷўён метавонанд, ба ин маҳфилҳо аъзо шаванд. Кормандони шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо шуъбаи ҷавонони донишгоҳ, намояндагони кумитаи иттифоқи касаба ба таври мунтазам аз шарту шароити зисти донишҷўён дар хобгоҳҳо, хонаҳои иҷорави бохабар шуда истодаем. Мо доимо дастгири ҷавонон мебошем. Пас оид ба шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, даст назадан ба корҳои ҷиноятӣ, оворагардӣ, шабгардӣ ва ғайра фикру дархостҳои худро иброз намуда, аз волидон хоҳиш кард, ки фарзандони худро зери назорат гирифта мунтазам бо садорати факултет дар робита бошанд.

Декани факултет дар баромади худ ба волидайн оид ба Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, оид ба тартиботи дохилии донишгоҳ ва тарзи таҳсили донишҷӯён маълумотҳо манзур намуданд. Инчунин қайд карданд, ки бо ташабусси раёсати донишгоҳ ва шахсан ректор муҳтарам Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло барои таҳсил тамоми шароит муҳайё мебошад, аз ҷумла дар факултет айни ҳол панҷ синфхонаи компутерӣ, зиёда аз 100 компутерҳои муосир, 12 тахтаи электронӣ, 20 проекторҳо мавҷуд мебошад.

Аз волидайн хоҳиш ба амал оварда шуд, ки бо кураторони гурӯҳҳои академӣ мунтазам дар робита бошанд. Чунки имрўз масъалаи глобалии ҷаҳон ин терроризму экстремизм буда, баъзе шаҳрвандони мо аз нодонӣ ва гумроҳӣ ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористиву экстремистӣ мепайванданд, ҳаёти худ ва хешу таборашонро дар хатар мегузоранд. Бинобарон яке аз масъалаҳои асосӣ, ин роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои ифротгаро мебошад. Аз ин рӯ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри гул-гул шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Ҳамзамон, декани факултет дар бораи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ” фикрониӣ намуда, қайд кард, ки мақсад ва мароми ин қонун ин беҳбудии шароити зисти мардум аст ва аз волидайн хоҳиш намуд, ки иҷроиши қонуни мазкурро риоя намоянд. Аксари шаҳрвандон дар тўйҳо хароҷотҳои зиёде мекунанд, ки ин яке аз омилҳои ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани ҷавонон мебошад.

Дар охир мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев ва декани факултет Қулихон Бобохонов ба саволҳои волидайн посух доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ