​Дин ба зоти хеш ҳамеша пок аст…

Тамоми халқу миллати дунё соҳибдину соҳибмазҳабанд. Ҳар дину мазҳаб аз замони пайдоиши хеш барои ҳидояти мардум ба роҳи рости зиндагӣ хизмат карда меояд. Аз ҷумла, дини Ислом ва китоби муқаддаси Қуръон ҳам саропо тарғибгару ҳидоятгари покиву покизагц, сидқу садоқат, ростиву росткорӣ ва щайра мебошад, ки ба ҳар як мусулмон аён аст.

Воқеан, имрӯз ҳарчанд Тоҷикистон давлати дунявц бошад ҳам, лекин дар он фаъолияти дину мазҳабҳо маҳдуд карда нашудааст, ходимони дин дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон, Ҷаноби Олц муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба касби одобу ахлоқи ҳамида, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстиву рафоқат даъват намуда, барои сарсабзиву шукуфоии Ватани азизамон саҳми босазо мегузоранд.

Ба ақидаи Ҳољи Ҳусайн Мўсозода мусулмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худои якка офарида, паёмбари барҳақ ҳидоят карда ва Китоби ягонаи Осмонии Қуръон роҳнамоӣ кардааст. Ба назари мо онҳо ин ҳақиқатҳоро фаромӯш накардаанд, аммо фаромӯш кардаанд, ки ҳамагӣ фарзандони бобои Одаманд, фаромӯш кардаанд, ки онҳо ҳама дарду захмро баробар эҳсос мекунанду саодатро инчунин хоҳонанд ва онҳоро умумиятҳои бузурге мисли халқият, миллат, мазҳаб, дин ва одамият муттаҳид кардааст. Маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ дар ағлаби мавридҳо ба оромию вазъи мӯътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд кард.

Дар воқеъ вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътикод ва саодати мардуми эътиқодманди олам аст, таҷдиди назар намоянд. Маҳз, арзишҳои миллӣ ва кишварисоҳибихтиёр чи дар масири таърих ва чи имрӯз дар шароити муосир қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намояд. Ин ҳақиқати бебаҳсро соҳиби дин гуфтааст, пешвои мазҳаби мо таъкид карда ва бузургони гузаштаи мо бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ собит сохтаанд. Ислом ва бузургии ӯ дар масири таърих маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст.

Имрўз исломро на шамшери ғазовот, на тундгӯию қитол балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии ҳалқу миллатҳои мухталиф дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрӯз ба хотири як манфиатҳои паси пардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, хилофи дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат аст.


(Изҳороти кормандони шуъбаи аспирантура)

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ