Изҳороти муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат Манонова М.
Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои Сурия, Лубнон, Ироқу Афғонистон, Туркия, Сомалӣ, Нигерия, Яман, Миср ва ғайра сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зўроварию ваҳшоният даст намекашанд. Нерўи асосии ҷангандаи онҳоро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Гурўҳҳои бадхоҳ ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳояшон аз дин моҳирона истифода мебаранд, зеро ҷавонон хоҳ нохоҳ заъфи эътиқодӣ доранд ва дар баробари ин дониши мукаммалро дар бораи эътиқод ё динашон соҳиб нестанд. Аз ин хотир шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳ аз илмҳои диниву дунявиро ба доми худ мекашанд. Ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дурўғи гурўҳҳои террористӣ ва ифротӣ гарданд. Ин андеша, ки ҷавонон дар ҷангҳои кишварҳои бегона ширкат мекунанду дар ҳолати ҳалок гардидан шаҳид мешаванд, тамоман ғалат аст. Чӣ тавр шаҳид мешаванд, вақте ки кўдаконро ятим, занҳоро бева, ҷигари модари нафареро, ки ба қатл расондааст, реш-реш мегардад. Илова бар ин аксари ин гумроҳзадагон ҳамроҳи худ оилаву зану фарзандашонро ба хоки бегона, ба коми ҷанг бурдаанд. Руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид карданд, ки амалҳои аъзои «Давлати исломӣ», «Ал-қоида», «Толибон», «Боко Ҳарам» ва дигар гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо ислом робитае надоранд. Дар натиҷаи амалиёти террористии онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта, кўдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки ба террористҳо бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, барои ҷалб кардани ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошад. Тариқи шабакаи интернет ба сомонаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва таблиғотӣ ворид шуда, аз нишонаҳои онҳо низ бохабар мешавем ва мебинем, ки бештари он ҷавононе, ки ба гурўҳҳои террористӣ аъзо шудаанд, номи худро тағйир дода, ба мисли Абу Муҳаммад, Абу Ҳамза, Абу Салом ва ғайра номгузорӣ намуданд. Ба он шахсоне, ки наздиконашон ба гурўҳҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ аъзо ё ҷалб шудаанд, пешниҳод карда мешавад, ки барои бозгаштани онҳо, пайвандон ва давлат ба онҳо кўмак карда метавонанд. Чӣ хеле ки маълум аст, ашхосе, ки ихтёри худ ба Ватан баргашта, ба мақомоти қудратӣ таслим шаванд, ба онҳо ҳангоми баррасии қазия имтиёзҳо дода мешавад.
Чуноне аз расонаҳои хабарӣ иттило дорем, айни ҳол зиёда аз 200 нафар ҷавони тоҷик дар Сурия меҷанганд. Бар он ақидаем, ки ин ҷавонон аз неку бади дунё хуб огоҳ нестанду ҷаҳони маънавиашон хеле хароб аст.Тибқи иттилоъ рўзҳои наздик 80 кўдаке, ки падару модаронашон замони пайвастан ба гурўҳи террористиву экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом бо худ бурда буданд, бо дастур ва дахолати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ироқ баргардонида мешаванд. Ин амал бори дигар ғамхории Ҳукумату давлат, алалхусус Пешвои миллат, Президенти кишварро нисбати нафарони раҳгумзадаву фирорӣ нишон медиҳад.