Изҳороти кафедраиумумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ
Чуноне, ки аз расонаҳои сомонаҳои интернетӣ огахӣ пайдо намудем шаби 16-уми сентябр муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонба вуқӯъ пайваст, ки ин мо зиёиёнро хело андӯҳгин намуд. Дар натиҷаи он тирандозӣ дар марз бо Қирғизистончанд шаҳрванди кишвар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ гардидаанд, ки хело нангин аст.
Ин муноқиша дар марз аз сабаби Қирғизистон бар хилофи созишҳои пешина дар майдони варзишиимаҳаллаи Баҳор ба сохтмони иншооти номаълумеоғоз намудааст сар задааст ва сокинони маҳалладар ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз онҳо хостанд, кикорро қатъ намоянд.
Мақомоти расмии ду тарафба ҷои ҳодиса рафтанд ва барои ба эътидол овардани вазъияти ба вучудомада бо ахолӣ сӯҳбат намуданд.
Итминони комил дорем, киҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин муноқишаро ба зудӣ бартараф намуда, он сулҳу суботе, ки бо хуни ҷон ба даст омадааст нигоҳ медоранд. Мо ба сиёсати хирадмандонаи сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон боварии комил дорем ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.