​Роғун умеди ормони халқи тоҷик

Вақте, ба он офаридаи инсон, ки бо пора намудани дили кӯҳи азим бунёди чунин иншооти бузургро амалӣ намудааст, беихтиёр ба қудрату азми қавии халқи бузурги тоҷик сари таъзим фуруд меорӣ. Боз як бори дигар шоҳиди он мегардӣ, ки халқи тоҷик халқи бузург, қавиирода ва мутаҳҳид аст ва бо Пешвои муаззами худ қодир аст, ҳамаи душвориҳоро паси сар намояд.

Дар вақти пахши тугмаи оғози кори агрегати нерӯгоҳи умедбахши милллати тоҷик Роғун, аз тарафи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр дар чашмон ашк ҳалқа мезанад. Ашки шодӣ аз он рӯзҳои вазнини паси саршуда, аз он рӯзҳои душвор, аз он рӯзҳое, ки халқи тоҷик ҳамчун мубориз дар майдони набард танҳо. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун орзуи ормони ҳар як тоҷики ба ору номус, ватанпарвар ва худогоҳ буд. Аз хурд то бузурги халқи тоҷик дар талоши он буданд, ки ин нерӯгоҳ бунёд шуда орзуҳои чандинсолаи миллати тоҷик амалӣ гардад.

Суханони рӯҳбаландкунанда ва қувватбахшандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта буданд:” Роғунро худ месозем” ба ҳар сокини кишвари боварӣ, қудрат, тавоноӣ бахшид.

Халқи тоҷик тантана дорад, ҷашн дорад, хурсандӣ дорад, боварӣ ба оянда нек дорад, бо Пешвои муаззами худ ифтихор дорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ