Ҳангомаҳои беасос
Дар фазои итиилоотӣ таҳти унвони «Мулоҳизоте аз Дориюши Раҷабиён бар суханронии ахири пруфесур Иброҳим Усмонуф» ба нашр расидааст ва аз ин боз як бори дигар хулоса баровардан мумкин аст, ки љонибдорони идеяи «қаҳрамон» будани босмачиҳо кам нестанд. Дориюши Раҷабиён бо ин навиштаљоташ фикрашро гуфтааст, ки ба он ҳақ ҳам дорад, аммо чизи дигар моро ба изтироб овард.
Камсаводоне, ки аз таърих хабар надоранд ба доктори илмҳои таърих эрод мегиранд ва рўирост фактҳои таърихиро пазируфтан намехоҳанд. Ҳол он ки гап тамоман дар сари дигар масъала аст. Дар урфият мегўянд, ки муллои чаласавод мардумро гумроҳ мекунад. Айнан ҳамин суханонро нисбати Дориюши Раљабиён ҳам гуфтан мумкин аст. Ў бо бесаводии худ дигаронро ҳам гумроҳ мекунад ва навиштаҷоташ бўи нифоқ дорад.
Дигар ин ки Иброҳим Усмонов дар мусоҳибааш ба рўзномаи «Ҷумҳурият» доир ба кӣ будан ва чӣ мақсад доштани муаллифи китоби «Таърихи Туркистон» ошкоро ибрози ақида кард. Ин ҳамон китобест, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ ва дигар пайравони Паймони миллии Тољикистон онро манбаъи сафедкунии фаъолияти босмачиён медонанд. Албатта ин суханон ба нафароне, ки «қаҳрамониҳо»-и босмачиёнро ситоиш мекунанд, писанд намеояд.
Олими файласуфи тољик Очилбой Зоҳидов дар китоби худ «Таърихи сиёсии тољикон дар асри бист» кайҳо ба ин масъала нуқтаи охиринро гузошта буд. Ба Дориюши Раљабиён ва дигар пайравонаш хондани ин китобро тавсия медиҳам. Он китобро хонанд ва сипас ба баҳс кунанд. Надониста баҳс кардан одоби баҳс нест, балки фитнагарии сиёсӣ аст.
Изҳороти муовини декан оид ба тарбияи факултети забонҳои шарқ Раҳимов Басирҷон Шодмонқулович