​Меҳмонро амали ношоиста!

Солҳое буданд, ки мардуми Тоҷикистон аз нигоҳи ҳамсоягӣ ва рафоқат ба мардуми Қирғизистони ҳамсоя чарогоҳҳо пешниҳод намуда ононро чун меҳмон истиқбол ва иззат намудааст. Мардуми меҳмоннавози мо умед доштанд, ки нону намаки солҳои тӯлонӣ бо ҳам чашидаи якдигарро андеша намуда ҳурмати инсопарвариро пос медоранд. Аммо, фирефтаи иғвою дасисабозии баъзе намояндаҳои расмии Қирғизистон шудани ин мардум моро дар ҳайрат мегузорад. Нафарони муғризу иғвогар мардумро шӯр дода байни ду халқи ҳамсоя тафриқа меандозанд. Гумон меравад, ки ин нопокон ниқоби шайтонро бар рӯй ниҳодаву амалҳои иблисро касби худ кардаанд.Вагарна, мардуми тоҷикро ҳисси бадбиниву кинагирӣ бегона буда, тоҷикон ҳеҷ вақт ба меҳмон рафтори ношоистаро раво намедонанд. Лекин, агар меҳмон қадри мизбон надонад, ӯро чӣ ҷазое бояд?

Воқеаҳои моҳҳои охир, ки дар мавзеъҳои ҳамсарҳади ноҳияи Исфараю Бобоҷон Ғафуров ба амал омаданд шаҳодати носипосии мардумиқирғиз аст, ки таҳаммулпазирии мусулмониро сарфи назар намуда ба мардуми шарифи Ватани азизамон эродҳои ноҷоя пешниҳод мекунанд. Бар ивази он, ки қитъаи заминҳои тааллуқи Тоҷикистонро хоҳиши ба иҷора гирифтан кунанд мехоҳанд соҳибӣ кунанд. Мардуми ба ору номуси тоҷик давоми давраҳои таърихӣ ҳеҷ вақт бе асос ва далелҳои шаъйӣ ба давлату миллати дигар эрод нагирифтаанд ва ба ин амал фарҳанги волои қадимаи онҳо имкон намедиҳад. Вале, дар ҳолати зарурат ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрату тавоноиро соҳиб аст, ки марзи худро аз ҳар хасҳои нопок ҳифз намояд.

Дар ин рӯзҳои пуртаҳлука ва ноором дар марзи Ватан ман ба мардуми Қирғизистони ҳамсоя муроҷиат намуда хоҳонам, ки аз амалҳои ношоиста нисбати мардуми тоҷик худдорӣ намоянд. Дар акси ҳол мардони боиродаву боматонат, бо ору номус ва ватандӯсту ватанпарвари Тоҷикистон қодиранд, ки сарҷмъона бар зидди шумоён, ки фирефтаи кадом шайтонтинатон шудаед муборизаи беамон барад ва марзу буми худро содиқона ҳифз намояд. Дар хотир бояд доред, ки эҳтироми сухани аҳди роҳбари кишвар барои мо муқаддас асту ҳеҷ вақту замон халқи тоҷик аҳду созиши роҳбарони худро вайрон нахоҳад кард. Шумоён, ки сарварони худро ақаллан эҳтиром надоред, доимо аҳдшиканӣ мекунед. Бехабар аз онед, ки рӯҳи ҷавонмардони фавтидаи тоҷик волотар аз ҳаёти номардонаи нафарони аз мардуми қирғиз аст.

Биёед то аҳду созиши роҳбарони давлатро риоя кунем ва нагузорем, ки дар байни миллати тоҷику қирғиз ихтилофе бошад!!!

Собиров М.С.- мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати “МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ