​Ватанфурӯши беватан

Ҳадафҳои нопоки террористони ифротии ТЭТ ҲНИ сирф ғаразнок ва дурӯғи маҳз аст. Онҳо, ки Ватанро таҳқир менамоянд, хоини халқу миллат, оқшудаи Ватан ҳастанд ва ҳуқуқи зистан надоранд.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва сиёсати берунии хеш ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидааст. Ин дастовардҳои бузург маҳз бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони ҷомеа, мардуми озодандешу шарифи кишвар ба даст омадааст.

Ман ҳамчун омӯзгор ва шаҳрванди комилҳуқуқи ин кишвари азизу маҳбуб чунин меҳисобам, ки касе ҳуқуқи маънавӣ надорад бар зидди давлати Тоҷикистони бузургу комилҳуқуқ овоз баланд намояд.

ИлҳомЁқубов як тан аз хоин, ватанфурӯшва ғуломи хоҷагони хориҷӣ, аъзои ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар Варшава баромад намуда, ақидаҳои ифротгароёнаю террористиихешро бар зидди давлатисоҳибистиқлолиТоҷикистон ва сохторҳои он баён намудааст ва мехоҳад, ниятҳои зишти худро бо ҳар роҳу восита бар сари халқу миллати таҳмил намояд.

Комёбиҳои бузурги кишварро нодида гирифтани аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ба монанди Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслакони онҳо ин маҳз кӯрнамакӣ ва хоини халқу миллат будани онҳоро нишон медиҳад.

Илҳом Ёқубов бар зидди ВАО-и Тоҷикистон баромад намуда, ҳуқуқи онҳо ва журналистони кишварро хеле маҳдуд баён иамудааст.Ва ӯ Агентии Иттилоотии Ховарро низ танқид намудааст. Хеле рӯшан барои тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки дар ин кишвари бузургу соҳибистиқлоли мо тамоми воситаҳои ахбори омма озод буда,рӯзноманигорон озодона дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи халқу давлатро озодона баён менамоянд. Дар Тоҷикистон озодии баён ҳукмфармост.

Ҳанноти гузаро Илҳом Ёқубов аз як нафар журналист Хайрулло Мирсаидов,, ки аз тарафиМақомоти Судии шаҳри Хуҷандбарои аз худ намудани 124 ҳазор сомонӣ маблағи давлат ба мӯҳлати 12 сол азозодӣ маҳрум гардидааст, ҷонибдорӣ намуда, мақомотҳои судии кишварро танқид намудааст. Инчунин Илҳом Ёқубов тӯҳмату бӯҳтони беасосу бедалели хешро бар зидди кишвари мо равона намудааст, ки ин ҳамаягон асоси воқеӣ надошта, бори дигар симои нопоку манфури ин оқиватанҳоро нишон медиҳад.

Аъзои ТЭТ ҲНИ Илҳом Ёқубов бори дигар чеҳраи нопоки ҲНИ-ро кушода, ба оламиён симои манфури онҳоро рӯшантар менамояд. Андешаҳои ин террорист бедалелу бебунёд ва аз дурӯғу бӯҳтон беш нест!

Ман њамчун як омӯзгори кишвар ин амалҳои нопоку ғаразнок ва куллан манфури аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳоро маҳкум менамоям.

Нест бод, ТЕТ ҲНИ ва пайравони он!

Изҳороти Аҳрорҷон Убайдуллоев – устоди кафедраи педагогикаи умумии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ