“Akhbor.com – сомонаест, ки манфиати Мирзо Салимпурро пиёда месозад, на аз манфиатҳои милллати тоҷик пуштибонӣ мекунад.”

Ба дунболи он ҳама навиштаҳои фитнабарангезандаи Сардабири сомонаи Akhbor.com Мирзои Салимпур, ки дар фазои маҷозӣ паҳн мекунад, тохтану навиштан аслан зарурате надорад. Зеро доираи аудиторияе, ки Akhbor.com дорад, иборат аз нафароне аст, ки тафакурашон басо дар сатҳи паст қарор дорад ва андешаву афкори шахсӣ ва интиқодӣ дар онҳо тухми анқоро мемонад. Нафаре, ки ба масобеи “қатрае аз баҳр”огоҳӣ аз присипҳои журналистика дошта, қобилияти фаросат кардани сиҳату сақатро дорад, қубҳи навиштаҳои М. Салимпурро бешак пайдо месозад.Чаро бояд ба М. Салимпур такя накард? Akhbor.com бештар аз чӣ мегӯяд? Дузде, ки худ аз дузди мегӯяд. Оё дар фаъолияти Akhbor.com меъёрҳои касбии журналистиро асаре ҳаст? Тафовути матолиби Akhbor.com аз маводи журналистӣ? Умумияти байни М. Салимпур бо“занҳои лаби об”...

Руҷӯи нахуст: “Бино ба иттилои як манбаъ” яъне чӣ? Маъмултарин усули тақаллубкории Akhbor.comбарои бовар кунонидани истеъмолкунандаи иттилоот аст. Дар аксарияти кулли маводи ин сомона барои исбот ва ё тасдиқи “Фактҳои мақбули дили” М. Салимпур “Бино ба иттилои як манбаъ” оварда мешавад, ва муаллиф иддаои онро дорад, ки як манбаъи ҳамеша номаълум мусоҳиби ӯст. Ин аслан маъмултарин тарзи таҳмили андешаҳои шахсии Сардабири Akhbor.com. Ва агар на барои чӣ Akhbor.com дар 90% маводи худ аз манбаи ба истилоҳи математикӣ “Х”(икс) мегӯяд? Ба хотири ҳифзи сарчашмаи иттилоот? На аслан чунин нест. Мазомини маводи Akhbor.com баёнгари он аст, ки “таги коса”-ируҷӯъ ба манбаи иттилоотии “Х”ҳадафҳои палиди М. Салимпур ба сифати “нимкоса” ниҳон аст.

Руҷӯи дигар: Терроризм, М. Кабирӣ, худкушӣ, ҷинояткории баромадагони ин ё он минтақа, масоили динӣ... Аксарияти маводи Akhbor.com хусуияти агитатсиони ва ё худ тарғиби ин ё он нафару гурӯҳ ва ё падидаҳоро доранд. Чун ӯ ҳамеша аз фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва ПМТ мегӯяд ва гоҳо пинҳонӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Пайваста маводи Akhbor.com характери таъсирррасонӣ ва сафарбарсозанда барои иҷрои амалҳои ношоиста аст. М. Салимпур бештари маврид бо усули ба мавод ниқоби дини пӯшонидан талош мекунад, ки бо тори эҳсоси мардум бозӣ кунад ва нооромиие дар ҷомеаи кишвар ба миён биоварад.

Руҷӯи саввум: Масъалаи дуздӣбештари маворид саҳифаҳои ин сомонаро сиёҳ мекунад.Инҷо суоле пеш меояд, ки чаро муаллиф боре аз дуздии худаш намегӯяд? Равшан аст, ки М. Салимпур ҳамеша андеша ва навиштаҳои нафареро медуздад ва ҳатто иҷозати чопи онро аз муаллифи мавод пурсон намешавад. Ин дар ҳолест, ки номбурда баъзан ба мазомини мавод ва умқи андешаҳои муаллиф сарфаҳм нарафта ба ин кор даст мезанад. Далели ин гуфтаҳо баҳси байни олим Ҳафиз Бобоёров бо М. Салимпур ки анқариб дар олами виртуалӣ зуҳур кард.

Руҷӯи навбатӣ: На! Аслан мафҳуми журналистикаро ба фаъолияти Akhbor.com нисбат додан иштибоҳи маҳз аст. Чун журналистика аз факт ва далелҳои шайъи мегӯяд. Дар меҳвари фаъолияти журналистика масоили дорои аҳамити иҷтимоӣ қарор дорад, на хостору андешаҳои шахсии як нафар.

Руҷӯи панҷум: Тамоми маводи Akhbor.com як тарафи тарозуро мемонад ва ҷониби дигари он ҳамеша холист. Яъне тафаккури муаллифи нигоштаҳои ин сомона то он ҷое рушд наёфтааст, ки мафҳуми “тавозун”-ро дарк ва ҳазм карда тавонад.

Руҷӯи шашум: М. Салимпур, ки бино ба навиштаҳои худи ӯ бо Роҳбари дафтари радиои Озодӣ Соҷида Мирзо ихтилофе дорад сари ҳар вақт инро дар сомонаи худ фош мекунад ва аксари маводи зери сояи эҳсосоти худи ӯ таълиф қарор мегиранд. Муаллиф гоҳо аз ҳаёти шахсии С. Мирзо ва гоҳи дигар аз қиссаи ошиқонаи кормандони радиои Озодӣ мегӯяд, ки аслан ин шояд барои худи М. Салимпур аҳамиятнок ва зарур бошад, вале бе ҳеҷ ваҷҳ ин мавзӯ ба аудитория муҳим нест. Гузашта аз ин масъалаи дахолат ба ҳаёти шахсии дигарон на кори ВАО, балки самти асосии фаъолияти занҳои лаби обро, ки поягузорони “Миш-миш” ҳастнанд ташкил медиҳад.

Ба ҷои хулоса суол:

Фаъолияти Akhbor.com, ки дар ҳавориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст, аз куҷо маблағгузорӣ мешавад? Ҳарчанд ин сомона дар асоси грант фаъолият дошта бошад ҳам, магар маблағгузор “моҳии тилло” аст, ки бе интизори аз подош беғараз маблағзурӣ мекунад?

Кормандони китобхонаи МДТ "ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ