Паёми маърифатпарвар
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки чун ҳамасола дар оғози соли таҳсили 2019-2020 рӯзи дониш 1 сентябр, аввалин рӯзи таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо Пайёми нусратбахшу маорифпарвари мӯҳтарам Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибтидо гашта, барои рушду пешрафти илму маорифи кишвари азизамон раҳнамову роҳкушои беназир аст.
Нуктаҳои муҳиме, ки дар суханронии навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид ин масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхуд намудани забонҳои хориҷӣ ва омӯзишу самаранок истифода бурдани техналогияҳои муосир маҳсуб ёфта, барои кулли ҷомеаи устодони факултети забонҳои шарқ низ боиси эҳсоси масъулият вабарои татбиқу амалӣ гаштани консепсияву барнома ва стратегияҳои дар ин замина андешидашуда мебошад.
Маҳз сиёсати дуруст тарҳрезишуда ва қадамҳои дурбинонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Тоҷикистон ба муваффақиятҳо ноил гашт. Ҳарчанд, ки имрӯз мо хеле дастовардҳо дорем, лекин воқеан бояд ҳамқадами замона бошем. Барои ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будан аз донишҳо ва таҷрибаи хориҷиён самаранок истифода бурда, барои аз худ намудани донишҳои муосири ҷаҳонӣ, илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва навиштани корҳои илмии мувофиқ ба талаботи замон ҷаҳд намуда, насли навинро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳуввияту худогоҳии миллӣ тарбия намоем.
Иқдомҳои пешгирифтаи Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дуруст ба роҳ мондани таълимӣ забонҳои хориҷӣ ва шароити мусоид фароҳам овардан барои гузаронидани таҷрибаҳо дар мактабҳо аз фанҳои дақиқ боиси дастгириву фараҳмандист. Зеро масъалаи нигаронкунандаи нокифоя будани соатҳои забони хориҷӣ дар мактаб солҳост, ки мавриди баҳсу мунозира гаштааст. Пешниҳоду дастури Ҷаноби Олӣ бобати аз нав дида баромадани барномаҳои таълимии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз аттестасия гузаронидани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ барои самарбахш гаштани ин самти соҳибмаърифтии ҷомеаи кишвар мусоидат хоҳад кард.
Мо кулли устодони факултети забонҳои шарқ сиёсати пешгирифта ва чораҳои ислоҳбахшу равнақоварӣ Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои пиёда гаштани ин ҳадафҳои муқаддас камари ҳиммат мебандем ва бовар мекунонем, ки қувваву нерӯ ва тамоми донишу малакаи забондонии хешро барои тарбияи мутахассисони баландихтисос равона месозем.