​“Гунаҳкори бегуноҳ”

Дар сомонаҳои иҷтимоӣ қазияҳои гуногун оид ба рафтору гуфтори собиқ роҳбари дастаи КВН – и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов ба муҳокимаи умум пешкаш карда шудаанд. Дар ин мавод аз номи адвокати ӯ Бахтиёр Насруллоев ва дигарон нисбати ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд фикрҳои гуногун оварда шудаанд. Ҳатто, адвокати ӯ таъкид менамояд, ки “агар ба кишвар баргардад, ӯро метавонанд аллакай дар фурудгоҳ дастгир намоянд”. Муайян гардидааст, ки Х. Мирсаидовваъдахилофӣ ва қонуншиканиҳои худро идома дода, бидуни огоҳ кардани мақомоти иҷрои ҷазо ва гирифтани иҷозат қаламрави Тоҷикистонро тарк кардааст. Шахсе, ки бо ҳукми додгоҳи вилояти Суғд ба 2 соли корҳои ислоҳӣ ва 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ӯҳдадор гардидааст ва ин ҳам бар ивази 12 соли маҳбасии зиндон мебошад, бори дигар исбот кардааст, ки меъёри қонун барои ӯ муқаддас нест. Ин шахсият, ки худро “бегуноҳ” метарошад, сабабгори пайдоиши мавҷи вокунишҳои байналмилалӣ оид ба қазияи худ гардид ва мусоидат кард, ки дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузу эътибори кишвари маҳбубамон то ба заррае коҳиш ёбад.

Одатан, дар замири миллати тоҷик итоат ва фармонбардорӣ ба меъёрҳои шариат ва қонунҳои давлат хислати ирсист. Рафтору гуфтори Х.Мирсаидов, ки меъёрҳои қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро инкор кардааст, гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ одобу маданияти шаҳрвандиро намедонад. Дар акси ҳол, ӯ метавонист бегуноҳии худро тавассути адвокати худ ва шикоят ба мақомотҳои болоӣ даъво намуда исбот намояд, на он, ки тарки Ватани азизаш кунад.

Ҷомеаи тамаддунофари кишвар рафтору хислатҳои ношоистаи собиқ журналисти “Азия Плюс” ва “Мавҷи Олмон” – ро маҳкум намуда ҳамаи шаҳрвандони садоқатманди кишварро даъват менамоянд, ки пеш аз иҷрои амали худ онро бо меъёрҳои қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қиёс намоянд ва баъдан онро амалӣ созанд.

М. СОБИРОВ, мудири кафедраи экология

ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ