​Ҳизби наҳзати ислом

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрузҳо ба ҳар як сокинони мамлакати азизамон таъкид доранд, ки “Ҳушёрию зиракии сиёсӣ”-ро аз даст надода,якҷоя ватанмонро аз ҳадафҳою мақсадҳои разилонаи гуруҳҳои ифродгарою ҷиноятпеша, хоинони миллат ҳифз намуда, нагузорем, ки ба кишвари азизамон Тољикистони сулҳпарвар осебу зараре нарасонанд.

Дар асоси гуфтаҳои болоӣ бояд дар мафкураю идроки ҳар як шаҳрванди кишвар пеш аз ҳама шукргузорӣ ба тинҷию амонӣ ва пойдории Сулҳу суботи кишвар ҷой дошта бошад. Дар замони истиқлолияти давлатӣ мақоми ватани мо дар арсаи байналмиллалӣ торафт боло рафта, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт- миллатамон ба пешрафтҳои беназир ноил гардида ва пеш рафта истодааст. Дар марҳилаи навини рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрами рӯз пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини оромӣ дар кишвар буда, амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини кишвари азизамон мебошад. Аммо дар амалишавии ин рисолати муҳим камбудиҳою душвориҳои зиёдеро мушоҳида намудан мумкин аст.

Ба монанди фаъолият намудани гурӯҳҳои ҷиноятпешае, ки амалҳои нопоки ҳудро баҳри забт намудани давлати мустақил амалӣ мекунанд. Яке аз чунин гурӯҳҳо ташкилоти террористӣ ва мамнӯъ бо ном “Ҳизби назҳати ислом” амал мекунад. Мақсад ва ҳадафҳои асосии Ҳизби Назҳати Ислом бо ҳар роҳу васила амаликунии амалҳои номатлуби хоинона ва ғайриинсонӣ мебошад.Ташкилоти террористию экстримистии Ҳизби назҳати ислом душмани разилу хунхори давлату миллат ба ҳисоб рафта, шахсони ин гурӯҳшараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсии худ истифода намуда, бо пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоинона касро фирефта намуда, бо рафтори баду беномусӣ ва пастфитратӣ мехоҳанд бо ҳар роҳу васила, суханҳои баду фитнангез, тарғиботи ғайриқонуниро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баён карда, муҳити орому осоиштаро вайрон месозад.

Имрузҳо сатҳу сифати пасти дониши ҷавонони мо оиди фаъолият бурдани ин ташкилот сабабҳои асосии донистаю надониста ба ҳар гуна сомонаҳои иҷтимоӣ, ки ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ таалуқ доранд ворид шудани онҳо мегардад. Ҳаракатҳои асосии иртиҷоӣ, ифротгароии ин ҳизби амалкунанда бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Терорризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонї ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини равонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст, ки оқибати он ба бесуботи ва вайронкорї оварда мерасонад.

Боиси хушбахтист, ки29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Назҳати Исломӣ бо қабул гардидани аризаи пешниҳодшуда, ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд.

Бо ҳидоятҳо ва талошу заҳматҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз шаҳрвандони кишварро аз қувваҳои иғвоангези ҷомеа ва гуруҳҳои террористию экстремистӣ ҳимоят менамояд.

Дар ин замина мо аҳли устодони кафедраи технология ва методикаи таълими они факултети санъати тасвирӣ ва технологияи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломро маҳкум намуда, ҳамагонро ба ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу осоиштагӣ даъват менамоем.

Кафедраи Т ва МТО Бобоҷонова Ш.У., Юсупова Д.М., Муҳаммадҷонов Н., Ӯзбекова М.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ