Зери ниқоби демократия...
Дар моддаи якуми конститутсияи давлати соҳибистиқололи моомадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Ин ёдрас ба он ашхосоне, киберун аз ватан дар хориҷ, дассисаю фитнае барангехта, даъвои озодандеш ва озодхоҳ буданро мекунанд ва тасаввуроти ботилро оид ба «...гӯё дар Тоҷикистон демократия, озодандешагӣ, озодфикрӣ буғӣ карда шудааст»-ро ба аҳли башр талқин менамоянд. Бо ёрии ташкилотҳои монанди худ фитнаангезу дасисабоз ҳаргуна маросимҳою, нишастҳое барпо месозанд, то фикру андешаҳои ботили худро баҳри ҳамдигар фаровонӣ дошта бошанд.
Он ашхосе, ки ватани худ, халқи худ, қавми худро бо ашхоси бегона таҳлилу танқид менамояд, магар хоин ҳисоб намеравад? Бузургони мо гуфтаанд: Гапи хонаро ба кӯча набарор...Шояд онҳо дар таҷрибаҳои чандинсола дида бошанд, ки баровардани сирру асрори оила, маҳал ин оқибатҳои ногувор пеш меоварда бошад.
Бо ин рафторҳои худ онҳо чӣ мехоҳанд? Дар арсаи ҷаҳонӣ паст намудани обрӯи нуфузи ватани худ, халқӣ худ.. Ё онҳо мехоҳанд бо ин васила, киссаҳои худро пур кунанду тинҷию оромию, ободии ватани азизи моро халалдор намоянд. Шукри худованди азизу меҳрубон Тоҷикистони азизи мо нумӯъ дорад, рушд дорад, ваҳдати миллӣ дорад ва устувор аст. Ягона ашхоси беруна, хоинони миллат наметавонанд ин неъматҳои бузургро аз мо рабоянд.
Халқи мо бузург аст, тавоно аст, соҳибхирад аст ва метавонад бо роҳбарии сарвари оқилу доно, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон неъматҳоидар тӯлисолҳои соҳибистиқолиба даст омадаро ҳифз намояд.
Изҳороти дотсенти кафедраи барномарезӣ Низомиддинов С.Ш.