Факултети геоэкология: Муаррифгари фарҳанги миллӣ
Бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар факултети геоэкология таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари фарҳанги миллӣ” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конфронсро муовини декан оид ба таълим дотсент, Дилором Саидова, ифтитоҳ намуда, доир ба имконияти шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ сухан намуд.
Ҳамчунин, С. Каримова сарвари Ассотсиатсияи ҳунармандони мардумӣ дар вилояти Суғд, М. Каримзода сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Мурот Собиров мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат ва Д. Каримов магистранти соли якуми факултети геоэкология доир ба мавзӯъҳои ҳунармандӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, саҳми ҷавонон дар рушди соҳаи туризм, имконияти сайёҳии экологии вилояти Суғд дар сатҳи минтақаҳои махсусҳифзшаванда ва таснифоти минтақаҳои туристии Тоҷикистон маъруза намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил