Факултети телекоммуникатсия ва ТИ: Қувваҳои Мусаллаҳ- мактаби худогоҳиву хештаншиносӣ
Санаи 22–уми феврали соли 2019 дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 26-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷалби васеи донишҷӯён ба тарбияи ватандӯстӣ, мактаби ҷасорат, қаҳрамониҳо ва садоқат ба Ватан худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтироми муқаддасоти Тоҷикистон ва тарбияи ахлоқӣ, мулоқоти судманд бо кормадони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд майори милитсия Неъматов Н.Р. ва капитани милитсия Субҳонзода Абдуманон Субҳон ташкил ва баргузор намуд.
Сухани ифтитоҳиро муовини декан оид ба корҳои тарбия Шукуров А.А. оғоз намуда, қайд намуданд, ки чорабинии имрӯза бахшида ба сазовор таҷлил намудани 26-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Сипас, майори милитсия Неъматов Н.Р., баромад намуда, қайд кард, ки Артиши миллӣ аз замонҳои қадим дар ҳаёти сиёсии ин ё он давлат нақши муҳимро мебозид, воситаи асосии нигаҳдории давлат, манбаи нерӯ ва қудрати он ба ҳисоб мерафт.
Дар қисми ҷамъбастӣ бошад, донишҷӯёни факултет баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангиро пешниҳод намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил