Муносибатҳо бояд таҳким дода шаванд
Ба ҳангомаҷӯён ва кинадорону кинагирони ҳаёти осоиштаи даврони мо худпарронии сарбози қатории ҳамсоякишварамон Қирғизистон телеграммаи шодиёна ба ҳисоб меравад. Онҳо ҳоло каме бекор монда буданд - яъне ба ин нашуд ба он нашуд гуфта худро ноҳинҷор ҳис карда истода буданд, ки сарбозе ба ин кор даст зад яъне худро паронид ва дили он душманон таскин ёфт, ки акнун аз паи касби худ яъне бӯҳтонсароӣ мегарданду то тавонанд кишварҳои оромро бо бӯҳтонҳои насароидаашон ноором мекунанд.
Онҳо умедворанд, ки он сарбоз аз давлату ватани худ норозигӣ изҳор мекунад ва Тоҷикистонро низ каме ба он дахолатнок мешуморад, аммо афсӯс ин тавр намешавад ва нахоҳад гардид.
Дар он ҳолат сарбоз ҳукумати Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба он ҳодиса дахолатнок намешуморад, ки зархарид ва гумроҳи падидаҳои нави номатлуби ҷомеаи муосир набошад. Бояд қайд кард, ки дар замони муосир дўстонаву аҳлона хидмат намудан, яке рукнҳои асосии инсонӣ ва яке аз талаботҳои рушди манфиатҳои ҳазорсола ба шумор меравад. Мо мардуми шарафманди тоҷик барои рушди минбаъдаи муносибатҳо кушиш менамоем ва бояд қайд кард, ки дар баробари ин қирғизҳо низ барои пойдории сулҳ хидмат намоянд.
Абдураҳмонов Раҳмонҷон Исобекович
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
забонҳои хориҷӣ