​Беҳтарин маърузакунандагони факултети педагогӣ муайян гаштанд

Дар факултети педагогии МДТ“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба «Солҳои 2019-2021 - солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик конфронси илмӣ-анъанавии донишҷӯён ҷараён гирифт.

Дар конференсия19 маъруза бо истифодаи адабиёт илмӣ ва техникаимуосир, ки фарогири муаммо ва дурнамои истифодаиусулҳоифаъоли таълим, аз ҷумлаи “Роҳҳои самарабахши таълими математикаи синфҳои математикӣ”, “Аҳамияти таълими таҷрибавӣ дар синфҳои ибтидоӣ”, “Хусусияти фардикунонии маълумоти математикии хонандагон”, “Таҳлили вожаҳои русию аврупоӣ дар ашъори Фарзона”, “Истифодабарии усули “хӯша” дар дарсҳои забони модарӣ” ва“Нақши азбар намудани маҳорати суханварӣ ва аҳамияти он барои омӯзгорони ҷавон” буданд, пешниҳодгардид.

Устодон маърузаҳои ироагаштаро муҳокима намуда, дар бахши табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо М. Мирҷалолова, донишҷӯи соли сеюм ва дар бахши назария ва методикаи таълими забони модарӣ Ф. Олимҷонова, донишҷӯи соли якумро беҳтарин дониста шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ