Ба даргирии оташи муноқиша дар сарҳад хотима бояд дод!...
...Тайи чанд рӯзи охир муноқишаи байни қирғизҳо ва тоҷикон дар минтақаҳои байнисарҳадии қаламрави Исфара аз нав хурӯҷ кард. Тоҷикон ҳоло ҷароҳати қиёми нангини воқеаҳои як соли охирро аз хотир фаромӯш накарда, аз нав зери ҳаводиси нав қарор гирифтанд. Хусусан, латукӯби 5 сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ садои норозигии ҷомеаи тоҷиконро баланд кард.
Аз идома ёфтани амалҳои моҷароангез дар маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дили кас ба риққат меояд ва одам ба ин гуна амалҳо наметавонад созиш кунад. Наход ҳаллу фасли муаммои сарҳад бо озори ҷисмонӣ расонидан ба гурӯҳи толибилмон, аз ҷумла ҷавони навраси мактабхон, бамактаб ҳозирнашудани гурӯҳи хонандагон ва халалдор шудани раванди таълим дар мактаб, барқасдона шикаста шудани шишаҳоитирезаҳоимағозавушиферҳоибоминонвойхона, шишаҳоимошинисабукравишахсиишаҳрвандиТоҷикистон ба анҷом расад, ки воқеан ҳам ташвишовар аст.
Он гуфтаи сокинони маҳалҳоиназдисарҳадии шоҳиди ҳамарӯзаи ин ҳолатҳо, ки,мутаассифона, “тамоми амалҳои ғаразнокуиғвогаронавахаробиоварбевоситааз ҷониби ҳайатифармондеҳӣ васарҳадбонии ҷониби Қирғизистонташкил, роҳбарӣ ваидоракардамешавад”, моро ба андешаи амиқ мебарад.
Чандин чорабиниҳои сиёсӣ, аз ҷумла гуфтугӯи сатҳи баланди давлатӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ширкати Пешвои муаззами миллати бузурги тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар фасли тобистони соли 2019 барои аз байн бурдану ба мувофиқа овардани ин муаммо равона шуда буданд. Аммо аз рух додани амалҳои нангини баъдӣ, амалҳои тахрибкоронаи нав ба андеша меравед, ки сарчашмаи ин рухдод куҷост, дар паси он кадом қувваҳо камин гирифтаанд!???
Имрӯз кирдори ҳамсоягон дар минтақаи наздисарҳадӣ мардумро нигарон кардааст. Охир, кай дар байни ин ду миллати сарҳадӣ ҷанҷол ва хархаша аз миён меравад? Дар асноди расмӣ кишварҳои мо ва Қирғизистон дар доираи муносиботи ҳасанаи байнидавлатӣ қарор дорад, гӯё ин ду давлат бо ҳамдигар шарики стратегияи байнидавлатӣ ҳастанд, аммо ин амалу кирдор тамоман дили касро хиҷил мекунад.
Ба фикрам кайҳо вақти он расидааст, ки асли бархурдҳо, решаи амиқи задухӯрдҳо дар ин минтақа таҳқиқ шавад. Ба ин заминаи ҷиддӣ фароҳам омадааст. Аммо ҳеч нест, ки он амалӣ гардад. Мо – тоҷикон ҳамеша толиби ҳаллу фасли мусолиҳаомези қазия бидуни ҳассосият ҳастем. Аммо чунин ба назар мерасад, ки мавқеияти граждании ҳамсоягон ба чунин ҳаллу фасли масъала халал мерасонад. Бояд ҳисси адоват дар миён бошад. Набояд рафтори ношоистаи ифротиён аз нав зоҳир шавад.
Ба кирдорҳои рухдода чӣ гуна бояд таҳаммул кард!? Муноқишаи қавмӣ дар марзҳои сарҳадии воқеъ дар Исфара кай аз байн меравад?...
Яке аз сабабҳои асосии хурӯҷ кардани муноқиша дар ин кишвар муҷозот ва маҳкум нашудани кирдорҳои ваҳшиёнаи ашхоси нобакор, харобкор, ҷангҷӯ ва қотил аст. Бояд ҳар чи зудтар ба ин гуна амал хотима бахшем!
Ба торҳои эҳсоси милливу қавмӣ нохун задан хавфу хатари зиёд дорад. Дар ин сурат дар оянда кишвар ва минтақа ба балои азим рӯ ба рӯ хоҳад омад. Инро бояд тарроҳон дарк кунанд!...
Ин ҳаводис ба доираи ягон меъёри ҳуқуқи байналхалқӣ, меъёр ва принсипҳои ҳамсоягии дуҷониба рост намеояд.
Бояд чора ёфта шавад!!!
Изҳороти ҳайати профессорону устодони
кафедраи адабиёти муосири тоҷики
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”