Изҳороти ҷомеаи устодони кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ
Аз марги маҳбусоне, ки аз як манзил ба манзили дигар равона карда мешудаанд, тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем.Оид ба ҳодисаи нангин, ки боиси талафи маҳбусон гардид, чунин фикр дорем, ки он аз ҳодисаи тасодуфӣ беше нест. Баҳри таҳлил ва муайян намудани сабаби марги маҳбусон гуруҳи корӣ ташкил карда шудаву ҳоҷат бар “таҳлил”-у “гунаҳкор”-кобии мардуми “бекорчӣ” нест! Зеро вақтҳои охир бар афроди мухолифини кишвар “мӯд” шудааст, ки ҳар мӯреро дар замини кишвари тоҷик биданд, чун фили бузурге бар оламиён нишон бидиҳанду ба ҳамаи он “сабабгор”-у “гунаҳкор” бикобанд. Дарҳол аз номи модару хоҳарону наздикони ҷабрдидагон вокунишҳо ташкил намудаву мусоҳибаҳои бардурӯғро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанду кӯшиш менамоянд, оромиву осудагии кишварро халалдор созанд, зиндагии осоиштаи халқи тоҷик вайрон созанд ва баҳри ноил гардидан ба мақсадҳои нопоки худ, сахт “меҳнат” мекунанд.
Нафароне, ки барои сиёҳ кардани давлатдории тоҷикон “мубориза” мебаранд, бигзор оромиву осоиштагии ин давлатро дида, аз амалҳои кардаашон пушаймон гарданд.
Мо умед дорем, ки садсолаҳои минбаъда ояндаи Тоҷикистонро дурахшонӣ, нурпошӣ ва шукуфоиҳо дар пеш аст.